Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз имрӯз, 1 июл, хешу табори наздик ҳаққи издивоҷ бо якдигарро нахоҳанд дошт. Тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила рӯзи ҷумъа мавриди иҷро қарор гирифта ва дар баробари манъи издивоҷи хешони наздик, инчунин, гузаштан аз муоинаи тиббиро барои арӯсу домод ҳатмӣ мекунад. Ин тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила 13 январи соли ҷорӣ ворид шуда буд. Вакилони порлумони Тоҷикистон гуфта буданд, никоҳи хешутаборӣ яке аз сабабҳои аслии ба дунё омадани кӯдакони маъюб дар кишвар аст ва манъ шуданаш ҳам асосан ба ин мушкил рабт дорад. Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, то 1 январи соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар беш аз 25 ҳазор кӯдаки маъюб сабт шуда, аз ин ҳисоб 30-35 дарсадашон "ҳосили" никоҳҳои хешутаборианд.

XS
SM
MD
LG