Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Тоҷикистон дар Туркия аз мақомаш озод шуд


Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Туркияро иваз кард

Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Туркияро иваз кард

Фаррух Шарипов, сафири Тоҷикистон дар Туркия, рӯзи 30 июн аз мақомаш озод шуд. Дар фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудааст, “Шарипов Фаррух Ҳомиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия озод карда шавад.”

То ҳол маълум нест, ки Шарипов корашро дар чӣ мақом идома хоҳад дод. Вале як манбаи муътамад ба Озодӣ гуфт, ки ин тағйирот аз рӯи нақша буда ва баъди анҷоми муҳлати кори сафир сурат гирифтааст. Фаррух Шарипов панҷуним сол боз намояндаи расмии Тоҷикистон дар Туркия буд. Ҳоло Маҳмадалӣ Раҷабиён сафири нави Тоҷикистон дар Туркия таъин шудааст.

Инчунин, бо фармони раисиҷумҳур рӯзи панҷшанбе Маҳмудҷон Собиров аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Туркманистон озод шудаааст. Иллати барканории ӯ “ба нафақа баромаданаш” гуфта мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG