Пайвандҳои дастрасӣ

"Пирӯзии хурд" дар баҳси додгоҳии марги Умаралӣ


Акси Умаралӣ Назаров

Акси Умаралӣ Назаров

Муҳлати баррасии парвандаи марги Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик дар Санкт-Петербург то 20 июли соли ҷорӣ дароз карда шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Невскийи Санкт-Петербург ҳангоми гирфтани ин тасмим аз “бефаъолиятии ғайриқонунӣ”-и муфаттишони парвандаи марги Умаралӣ интиқод карда ва далелҳои ҷониби тафтишотро ба назар нагирифтааст. Вакили мудофеъ Юрий Серов мегӯяд, ҷониби тафтишот аз эътироф нашудани баъзе далелҳояш дар додгоҳи ноҳияи Невский розӣ нест ва гуфтааст, бар зидди тасмими додгоҳи ноҳиявӣ ба додгоҳи Санкт-Петербург шикоят хоҳад бурд.

Юрий Серов мегӯяд, ки додгоҳи ноҳяии Невский ба онҳо барои гирдоварии маълумот ёрӣ расондааст, то ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Страссбург муроҷиат кунанд. “Ин пирӯзӣ аст, аммо хеле хурд аст. Мо воқеъбин ҳастем ва хуб медонем, дар кишвари мо корҳои расидагӣ ба чунин парвандаҳо амалан чӣ гуна анҷом меёбад, ба хусус вақте ки сохторҳои қудратӣ дар он ҳузур доранд,” – афзуд ӯ.

Навмедӣ аз натиҷаҳои расидагӣ ба парванда ҳанӯз вакилони мудофеъро пурра тарк накардааст. Ҳуқуқи онҳо чун вакили мудофеъ то ҳол маҳдуд аст. Барои ҳамин, онҳо бо назардошти чунин вазъ омодаанд ба Додгоҳи байналмилалии ҳуқуқи башари Аврупо муроҷиат кунанд. Юрий Серов аз маҳдуд кардани ҳуқуқи вакилони мудофеи парвандаи марги Умаралӣ Назаров шикоят кард.

Ӯ гуфт, “муроҷиат кардем, ки ба мо иҷоза диҳанд, то маълумоти муқаддамотиро дар бораи расидагӣ ба парванда пахш кунем. Барои он ки аз мо забонхат гирифта буданд, ки мо ҳақ надорем натиҷаҳои муоинаи тиббиро ифшо кунем. Мо мехостем аз манфиати зерҳимояи худ дифоъ кунем. Баъд аз навиштани ин забонхат ҳоло мо ҳақ надорем, ки ба коршиносони тиббии мустақил муроҷиат кунем ва натиҷаҳои муоинаи тиббиро дар додгоҳ рад намоем. Мутаассифона, ба мо барои пахши маълумот дар бораи натиҷаҳои муоинаи тиббӣ дода нашуд.”

Бо вуҷуди ин, Серов мегӯяд, баъд аз ин муроҷиат ҷониби тафтишот ба вакилони мудофеъ навиштаҳои ёрии таъҷилӣ ва охирин сабти бемористони Тсимбалинаро нишон додааст. Бемористонеро, ки ба он ҷо кӯдакро аз шӯъбаи пулиси ноҳияи Адмиралтейск оварда буданд. Дар он навиштаҳо, ки ҳанӯз ҳангоми зинда будани кӯдак анҷом гирифтааст, гуфта мешавад, ки “кӯдак бидуни парастор дар либоси тозаву озода ва амалан сиҳату саломат ба бемористон интиқол ёфтааст. Вай чусту чолок аст, бозӣ мекунад ва механдад ва бо иштиҳо ғизо мехӯрад”.

Вале баъд аз соати 23:00 дар паҳлӯи ин навиштаҳо ислоҳи дигаре пайдо шудааст, ки кӯдак дар кати хоби худ бидуни нишонаҳои ҳаёт (без признаков жизни) мушоҳида шудааст. Ин навиштаҳо имзо надоранд ва сабаби даргузашти кӯдак “марги фавқулода” нишон дода шудааст.

Додгоҳ дар тасмими худ ишора кардааст, ки ҷониби тафтишот, ба вижа Александр Ожиганов, муфаттиши парванда ҳангоми иҷрои дархости қонунии додгоҳ дар бораи иҷрои вазифаҳояш “иштибоҳи дағал” содир кардааст ва аз Раёсати Кумитаи тафтишотии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург хостааст, ки дар давоми як моҳ дар ин бора “аз тадбирҳои андешида” ба додгоҳ хабар диҳад.

Ҷониби дифоъ ба таври мушаххас намегӯяд, ки дар фаъолияти ҷониби тафтишот чӣ нуқс ошкор шудааст, вале дар маҷмӯъ мегӯяд, ки додгоҳ ба “бефаъолиятии ғайриқонунӣ”-и тафтишот ишора кардааст. Ҷониби дифоъ бо назардошти забонхати додааш бештар аз ин ҳақ надорад маълумот диҳад.

Юрий Серов гуфт, “албатта, ба натиҷаҳои дилхоҳ умед намебандем. Мо рӯҳияи ниҳодҳои интизомиро дарк мекунем. Онҳо аз рӯзҳои аввал тааҷҷуб карда буданд, ки чаро мо ин қадар фаъолона аз як бегона дифоъ мекунем. Вале набояд фаромӯш кард, ки ба ҳамин роҳ метавонанд як кӯдаки таҳҷоии ленинградиро ҳам бигиранд”.

Вакили мудофеъ изҳори таассуф мекунад, ки бозгашти Заррина Юнусова, модари Умаралӣ кори онҳоро мушкилтар мекунад, чун вай метавонист дар бораи соатҳои аввали боздошт ва муносибат бо вай ва кӯдакаш дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Адмиралтийск ва интиқоли кӯдак ба бемористони Тсимбалина шаҳодат диҳад.

Умаралӣ Назаров, кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик 13 октябри соли гузашта ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Адмиралтейски шаҳри Санкт-Петербург бо модараш Заррина Юнусова оварда шуд ва як рӯз баъдаш дар шароити мармуз дар бемористони Тсимбалина ҷон дод.

XS
SM
MD
LG