Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Коминтерни шаҳри Харкови Украина рӯзи 30 июн ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҳамкорӣ бо созмони тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд, то замони баррасии парвандаи истирдодашон ба Тоҷикистон ба ҳабс гирифт. Ин ду шаҳрванди яке соли таваллудаш 1989 ва дувумӣ – 1990 рӯзи 24 июн дар фурудгоҳи Харков ҳангоми нишастан ба парвози Истамбул дастгир шуданд. Ҳангоми гузаштан аз хатти марз маълум шудааст, ки онҳо ҳарду таҳти ҷустуҷӯи Интерпол қарор доранд. Исми боздоштшудаҳо эълон нашудааст, вале гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳарду ба зархаридӣ айбдор мешаванд. Матбуоти Украина аз қавли мақомоти амниятӣ навишт, ки ин ду нафар дар урдугоҳҳои “Давлати исломӣ” дар Сурия тамрин гирифта, барои анҷоми “инқилоби исломӣ” дар Тоҷикистон тайёрӣ медидаанд.

XS
SM
MD
LG