Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 13 гумонбари ҳамла ба фурудгоҳи Истамбул


Пулиси Туркия дар робита ба ҳамлаҳои хунини рӯзи 28 июн дар фурудгоҳи Истамбул 13 нафар, аз ҷумла се хориҷиро дастгир кардааст. Матбуоти Туркия гуфт, пулис рӯзи 30 июн танҳо дар Истамбуол 16 маконро кофтукоб кардааст. Мақомот гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро ба ҳамла ба фурудгоҳи Отатурк, яке аз пуриздиҳомтарин фурудгоҳҳои дунё айбдор мекунанд. Дар он ҳамла 42 нафар кушта ва беш аз 230 тани дигар захмӣ шуданд. Нашрияи “Hurriyet” навишт, яке аз се маргталаб аз Чеченистони Русия будааст. Мақомоти Туркия ҳанӯз ин хабарро расман тасдиқ накардаанд. Вале як манбаи амниятӣ ба хабаргузории Reuters гуфта, ки яке аз маргталабон метавонад хориҷӣ бошад. Дар амалиётҳои алоҳидаи пулис дар шаҳри Измир дар соҳили баҳри Эгей 9 нафари гумонбар ба иртибот бо “Давлати исломӣ” дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG