Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакилони порлумони Тоҷикистон мизони боҷҳои гумрукӣ барои ворид кардани маҳсулоти заргарӣ, яъне тиллову нуқраро аз хориҷа поин бурданд. Бар асоси тағйироте, ки 30 июн ба қонуни буҷаи кишвар ворид шуд, пардохтҳои давлатӣ барои ворид кардани як грамм тилло 18 сомонӣ ва барои як грамм нуқра 3 сомониву 60 дирам муқаррар гардидааст.

Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, дар ҳузури вакилони порлумон гуфт, ки ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз қочоқи ҷавоҳирот ва аз сӯи дигар дастгирӣ кардани корхонаҳои коркарди тилло дар кишвар аст.

Ӯ афзуд, “таҳлили бозори ҷавоҳирот нишон дод, ки 42 дарсади нархи маҳсулоти заргарӣ аз пардохтҳои гумурукӣ вобаста аст. Чун мизони пардохтҳои гумрукӣ хеле болост, соҳибкорон ҷавоҳиротро бо роҳи кочоқ ворид мекунанд. Танҳо соли гузашта аз Туркия 700 кило тилло ворид шудааст, аммо тоҷирон танҳо 15 килои онро ба расмиёти гумрукӣ даровардаанд, ки дар натиҷа ба буҷаи кишвар 39,7 миллион сомонӣ маблағ ворид нашудааст.”

Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон

Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон

Каримзода гуфт, ҳукумат бо кам кардани боҷи воридотӣ мехоҳад, тоҷирон тиллоро расман ба кишвар ворид кунанд, на ба таври кочоқ.

Пас аз ин шарҳи Каримзода Шукурҷон Зуҳуров - раиси Маҷлиси Намояндагон дурустии пешниҳоди поин бурдани боҷи гумрукиро барои ҷавоҳирот зери суол бурд ва пурсид, чӣ гуна поин бурдани боҷ метавонад пеши роҳи кочоқро бигирад? “Ин чӣ маъно дорад? То ба имрӯз Шумо намекофтед, намедидед, ҳавасманд набудед, ки фаҳмед аз сарҳад чӣ мегузарад? Вақте мо барои маснуоти заргарӣ маблағ муайян кунем, пас, Шумо хубтар ҷустуҷӯ мекунед?” - пурсид Шукурҷон Зуҳуров.

Ҷамшед Каримзода дар посух ба ин суоли раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, қимати боҷи гумрукӣ ва пардохтҳои гумрукӣ барои маснуоти заргарӣ ниҳоят баланд буд ва аз ин рӯ бисёре аз тоҷирон барои ба таври расман ворид кардани ин қабил маҳсулот ҳавасманд набуданд.

Ӯ гуфт, “пеши роҳи қочоқи маснуоти заргариро гирифтан бисёр мушкил аст, чунки ҷавоҳиротро тоҷирон бо миқдори кам ворид мекарданд. Ҷавоҳирот бо ҳаҷми калон намеояд, ки маълум бошад. Кормандони гумрук дар фурудгоҳҳо таҷҳизот надоранд, ки бадани ҳар мусофирро тафтиш кунанд. Аз тафтиши гумрукӣ гузарондани ҳар мусофир низ аз рӯи одоб нест ва ин дар Кодекс пешбинӣ нашудааст.”

Пас аз чанде радду бадалҳои дигар тағйиру иловаҳои мазкур бо аксаритяи орои вакилон пазируфта ёфт.

Хуршед Каримзода, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар шарҳи ин тағйирот ба Озодӣ, гуфт, то кунун тоҷирони ҷавоҳирот муваззаф буданд барои ворид кардани ҳар грамм тилло 8,4 доллар супоранд. “Ҳоло аксиз, андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ аз байн бардошта шуд ва ба ҷои онҳо “боҷи гумрукии махсус” ҷорӣ шуд, ки барои як грамм тилло 18 сомонӣ аст,” -афзуд Каримзода.

Тоҷикистон дар солҳои охир аз конҳои худаш беш аз 2 тонна тилло истихроҷ мекунад. Ҳоло дар Тоҷикистон 10 корхонаи хурду миёнаи истеҳсоли маснуоти заргарӣ фаъолият доранд, вале бо имкону шароите, ки ин коргоҳҳо доранд, наметавонанд бо маҳсули заргарии воридотӣ рақобат кунанд.

Аммо ҳамагӣ 3 дарсади маснуоти заргарӣ ва ё ҷавоҳирот аз тиллои дохилӣ истеҳсол мешаваду бас. Боқимонда - 97 дарсади ҷавоҳирот - бо харҷи қариб 40 миллион доллар дар як сол аз хориҷи кишвар оварда мешавад.

Соҳибкорони тоҷик маҳсулоти заргариро асосан аз Ҳиндустону Туркия ва Дубай меоранд.​

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG