Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як гурӯҳи салафиҳо дар Қазоқистон


Владимир Ҷумъахонов

Владимир Ҷумъахонов

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфт, дар ҳудуди вилояти Қарағанда 6 пайрави равияи мазҳабии Салафияро дастгир кардаанд. Як гумонбари дигар ҳангоми боздошт худро таркондааст. Кумитаи амният мегӯяд, аъзои ин гурӯҳ қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ бо истифода аз маводи таркандаи худсохтро доштанд. Владимир Ҷумъахонов, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 30 июн ба хабарнигорон гуфт, ин 6 салафии боздоштшуда рабте ба ҳамлаҳои хунини ибтидои моҳи июн дар Оқтеппа надоранд. Рӯзи 5 июн ҳудуди 20 ҳаводори созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Оқтеппа ба ду мағозаи фурӯши силоҳ ва қисми низомии Горди миллӣ ҳамла оварда, 7 нафарро куштанд. Дар ҷараёни амалиёти вижа 18 ҳамлагарро ба ҳалокат расонданд. Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфта буд, ки дар пушти ҳамлаҳои Оқтеппа салафиҳо истодаанд. Салафиҳо як шеваи шадиди мазҳаби суннии дини Исломро пайравӣ мекунанд ва шохаҳои дигари ин дин, аз ҷумла аҳли шиъа ва суфиҳоро эътироф намекунанд.

XS
SM
MD
LG