Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паноҳҷӯёни афғон то поёни сол дар Покистон мемонанд


Мактаби кӯдакони афғони паноҳҷӯ дар урдугоҳи Кабобиён дар Пешовар

Мактаби кӯдакони афғони паноҳҷӯ дар урдугоҳи Кабобиён дар Пешовар

Сарвазири Покистон Навоз Шариф замони будубоши паноҳҷӯёни афғонро дар кишвараш, ки рӯзи 30 июн ба поён мерасид, то поёни сол тамдид кард. Феълан дар Покистон дастикам 1,5 миллион паноҳҷӯ аз Афғонистон паноҳ мебаранд. Навоз Шариф ба мақомот дастур додааст, то бо Идораи паноҳандагони СММ ва ҳукумати Афғонистон ҷиҳати аз Покистон ба Афғонистон кӯчондани урдугоҳҳои паноҳандагон ҳамкорӣ кунанд. Исломобод мегӯяд, бархе ҷангҷӯён низ дар урдугоҳҳои паноҳандагон пинҳон мешаванд. Филипо Гранди, раҳбари Идораи паноҳандагони СММ, ки дар ин ҳафта аз Покистон боздид кард, бо ситоиш аз мизбонии ин кишвар аз паноҳҷӯёни афғон гуфт, кумак ба паноҳҷӯёне, ки ба Афғонистон баргаштанианд, аз 200 ба 400 доллар, яъне ду маротиба боло бурда шудааст.

XS
SM
MD
LG