Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар Финляндия ҳам дувум шуд


Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик
Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик

Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии “Paavo Nurmi Games" дар Финляндия бо натиҷаи 78 метру 87 санти метр мақоми дувумро касб кард.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзи 29 июн баргузор шуд, рақиби аслии Дилшод - гурзандози Лаҳистон (Полша) Павел Фаҷдек бо натиҷаи 81,12 метр ғолиб шуд. Войтсех Новитски, ӯ ҳам аз Лаҳистон, бо натиҷаи 78,04 метр мақоми севумро соҳиб гашт.

Ёдовар мешавем, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назарови 34-сола аз ин пеш дар ду моҳи ахир – май-июн – дар се мусобиқаи байналмилалӣ се медали нуқра ба даст оварда буд. Нахуст Дилшод дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 78 метру 82 сантиметр ҷойи дувумро гирифт. Дар ин мусобиқа низ Павел Фаҷдек бо натиҷаи 80,66 метр ғолиб шуд.

Баъдан Дилшод Назаров дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон бо медали нуқра сарфароз гашт. Вай гурзро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр ҳаво дод. Рақиби аслиаш Павел Фаҷдек бо натиҷаи 80 метру 39 сантиметр боз ҳам мақоми аввалро касб кард.

Сипас гурзандози тоҷик дар даври чоруми мусобиқаи “Лигаи бриллиантӣ” оид ба варзиши сабук дар Юҷини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Вай ин дафъа гурзро ба масофаи 78 метру 12 сантиметр ҳаво дод. Павел Файдеки 27-сола бо натиҷаи 80 метру 28 сантиметр мақоми аввалро соҳиб гашт.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.

Дилшод Назаров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи рақибонаш, ки дар Бозиҳои олимпӣ бо онҳо барои ҷоиза талош мекунад, гуфт, "ман 5-6 рақиби аслӣ дорам, ки дар Бозиҳои олимпӣ бо онҳо сабқат мекунам. Инҳо аслан варзишгарони Лаҳистон, Маҷористон, Русия ва Миср мебошанд, ки дар тӯли солҳои ахир мунтазам натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд.”

"Аз ҳама мақсади олӣ дар Олимпиада ин ба даст овардани медал мебошад. Бинобар ин, мо умед мебандем, омодагӣ мегирем, вале чунонки мегӯянд, ҳамааш бо хости Худост. Агар ҳама чиз хуб анҷом ёбад, медал ҳам мешавад," – иброз дошт Дилшод Назаров.

XS
SM
MD
LG