Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулиси Истамбул ва Измир дар пайи ҳамлаҳои хунин ба фурудгоҳи Отатурк алайҳи афроди гумонбар ба ҳамкорӣ бо созмони тундрави “Давлати исломӣ” як силсила амалиётҳо анҷом дод. Хабаргузории Анадолу рӯзи 30 июн хабр дод, ки маъмурони пулис биноҳо дар се маҳаллаи шаҳрро кофтукоб кардаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки касе боздошт шудааст ё на. Аммо Анадолу аз Измир дар бораи боздошти 9 нафар дар се ноҳияи ин шаҳри воқеъ дар соҳили баҳри Эгей бо гумони иртибот бо аъзои “Давлати исломӣ” дар Сурия гузориш додааст. Мақомот “Давлати исломӣ”-ро ба даст доштан дар ҳамлаи рӯзи 28 июн, ки 42 кушта ва беш аз 230 захмӣ ба ҷо гузошт, айбдор мекунанд. Бархе расонаҳои туркӣ навиштаанд, ки дар байни ҳамлагарон ба фурудгоҳи Отатурк шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам будаанд. Аммо дар Душанбе мегӯянд, то замони тасдиқи расмӣ, ин навъ хабарҳоро қобили боварӣ намедонанд.

XS
SM
MD
LG