Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири нави Тоҷикистон дар Узбакистон Содиқ Имомӣ рӯзи 29 июн ба раиси он ҷумҳурӣ Ислом Каримов эътиборнома супурдааст. Содиқ Имомӣ дар дидор бо Каримов гуфтааст, ки ҳамчувн сафири ҷадид дар ин мақом тамоми кореро, ки аз дасташ меояд, барои боз ҳам амиқтар кардани равобити дуҷониба ба харҷ хоҳад дод. Бино ба гузориши расмӣ, Ислом Каримов рӯзи 29 июн сафирони ҷадиди Полша, Корея, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Афғонистонро ба ҳузур пазируфтааст. Содиқ Имомӣ дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Тошканд Музаффар Ҳусейнзодаро, ки моҳи март муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон таъин шуд, иваз кард.

XS
SM
MD
LG