Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихроҷи 350 муҳоҷир танҳо аз як вилояти Русия


Як гурӯҳи муҳоҷирони аз Русия ихроҷшуда дар фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Як гурӯҳи муҳоҷирони аз Русия ихроҷшуда дар фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Аз аввали сол танҳо аз вилояти Тулаи Русия ҳудуди 350 муҳоҷири хориҷиро ихроҷ кардаанд. Хадамоти приставҳои ин вилоят мегӯяд, ки ин тақрибан ду маротиба бештар аз айни давраи соли гузашта аст. Бино ба ин манбаъ, аксари ихроҷшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Украина буда, бо қарори додгоҳҳо бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия берун карда шудаанд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ҷамъи шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум шудаанд, ба 330 ҳазор нафар расидааст.

Хадамоти приставҳои вилояти Тула мегӯяд, дар ин ҳафта боз 12 муҳоҷири ғайриқонуниро аз қаламрави Русия ихроҷ мекунанд.

XS
SM
MD
LG