Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони тоҷик ба рухсатӣ рафтанд


Вакилони Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – баъди ҷаласаи охиринашон дар рӯзи 30 июн ба рухсатии меҳнатӣ рафтанд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, гуфт, ки тайи як соли охир вакилон 221 санад, аз ҷумла 10 қонуни мукаммал ва 1 Кодексро қабул кардаанд. “Боқимондаи санадҳо асосан аз тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуну созишномаҳо иборат буданд,” – афзуд Зуҳуров. Раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, муҳимтарин қонуне, ки дар як соли гузашта қабул гардидааст, “қонун дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат аст.”

XS
SM
MD
LG