Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 корманди вазорати тандурустӣ барои "пора"


Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти ду корманди вазорати тандурустӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон хабар дод, ки бо ваъдаи дохил кардани як шаҳрванд ба Коллеҷи тиббӣ, 2100 доллар пора гирифтаанд. Аз дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “Абдурасул Холматов, корманди Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии ноҳияи Восеъ, ҳамроҳ бо Иброҳим Валиев, корманди Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ, ба боварии шаҳрванд «М» даромада, барои дохил намудан ба Коллеҷи тиббии ноҳияи Восеъ дар ду ҳолат аз шаҳрванд «М» маблағи 2100 доллари амрикоиро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ягон амалро иҷро накарда, боз талаби маблағи 300 доллари амрикоиро доранд”.

Кормандони ин ниҳод Иброҳим Валиевро дар ҳоле боздошт карданд, ки ӯ аз шаҳрванд «М» 300 долларро гирифтааст. Ҳоло ба иттиллои ин ниҳод, алайҳи ин ду корманди вазорати тандурустӣ дар ноҳияи Восеъ бар асоси моддаи 247 қисми 4 банди «б»(қаллобӣ) кодекси ҷиноятӣ, парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG