Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Субҳон Сафиаллоев барои бори дигар раҳбари коммунистҳои Душанбе интихоб шудааст. Заррагул Мирасанова, котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 29 июн бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфт, “ин тасмимро вакилони анҷумани 40-уми ҳизби коммунист дар Душанбе гирифтанд”.

Ба қавли Мирасанова, дар ин анҷуман масъалаҳои муҳими ҳизбӣ дар Душанбе, стратегияи ҳизб ва ягонагии аъзои ҳизб баррасӣ шудааст. Субҳон Сафиаллоев 18 сол боз раҳбарии ҳизби коммунист дар Душанберо бар дӯш дорад.

Аммо дар конфронси кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Душанбе раҳбари ҳизб Шодӣ Шабдолов иштирок надоштааст. Заррагул Мирасанова мегӯяд, Шабдолов ин шабу рӯз барои анҷумани ҳизбаш омодагӣ мегирад ва хеле серкор аст.

“Шарт нест, ки ӯ дар конфронси ҳизб дар Душанбе ширкат кунад. Дигар котибони кумитаи Марказии ҳизб буданд, ки дар кори конфронс ширкат доштанд. Шодӣ Шабдолов бояд ба Анҷумани навбатии Кумитаи марказии Ҳизби коммунист, ки 2 июл баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд. Бояд фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ карда ва дар як гузориши муфассал ба анҷуман пешниҳод намоянд,” – афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, Ҳизби коммунист баъди интихоботи порлумонии 1 марти соли 2015 фаъолияти чандон муассире надорад ва ҳатто Шодӣ Шабдолов ба унвони раҳбари ҳизб дар матбуот кампайдо шудааст. Масъулони ҳизб сабаби инро барои чанд моҳ дар хориҷа қарор доштани Шодӣ Шабдолов рабт медиҳанд. Аммо пас аз бозгашт ба Ватан, танҳо дар рӯзи баргузории референдуми 22 май Шодӣ Шабдолов назари худро ба матбуот баён кард.

Таҳлилгарону коршиносон ба ин назаранд, ҳизби коммунист, ки дар даврони Шӯравӣ ягона ташаккули сиёсӣ маҳсуб меёфт ва пас аз истиқлоли Тоҷикистон бештар ба унвони ҳизби мухолиф ба ҳукумат матраҳ буд, дар якуним соли ахир, пас аз мағлубият дар интихоботи порлумонии соли гузашта комилан ҷойгоҳашро аз даст додааст. Ин таҳлилгарон вуҷуди солмандон дар сафи ҳизби коммунист ва ҳанӯз ҳам побарҷо будан ба идеяҳои ленинии даврони Шӯравиро сабаби коста шудани ҷойгоҳи ҳизби коммунист арзёбӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар таҳлилгарон мегӯянд, Шодӣ Шабдолови 70-сола, ки беш аз 25 сол боз раҳбарии ҳизби коммунисти Тоҷикистон бар дӯш дорад, мавқеашро нисбат ба ояндаи карйерааш, яъне ба унвони раҳбари коммунистҳо мемонад, ё хайр рӯшан накардааст.

Дар ҳамин ҳол, қарор аст, дар Анҷумани навбатии ҳизби коммунист дар таърихи 2 июл мавзӯи интихоби раҳбари коммунистҳои тоҷик матраҳ аст. Кумитаи марказии шаҳри Кӯлоб пас аз баргузории конфронси худ дар моҳи гузашта дар муроҷиатномае номзадии Шодӣ Шабдоловро ба мақоми раҳбарии ҳизби коммунист пешниҳод кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG