Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхони маъруф дар Донбасс аз тири мерган кушта шуд


Васил Слипак
Васил Слипак

Овозхони маъруфи украинӣ, ки ду сол пеш ба хотири мубориза бо ҷудоихоҳони рустабор дар Донбасс аз кор дар театри операи Париж истеъфо дода буд, кушта шудааст.

Ҳалокати Васил Слипакро рӯзи 29 июн намояндаи доимии Украина дар Шӯрои Аврупо Дмитрий Кулеба дар Твиттер тасдиқ кард.

Расонаҳои украинӣ бо такя ба сарбозони украинӣ ва ихтиёриён дар вилояти Донетск хабар доданд, ки Слипак соати 6-и субҳи 29 июн аз тири як мерган дар канори деҳаи Луҳанск ҷон бохт.

Васил Слипак зодаи вилояти Лвов буд ва соли 1997 Академияи мусиқии ба номи Лисенко дар шаҳри Лвовро хатм карда буд. Ҳамон сол ӯ ба Операи Париж даъват шуд ва солҳои тулонӣ он ҷо ҳунарнамоӣ мекард.

Овозхони маъруф соли 2014 ба Украина баргашт ва ба ихтиёриёне пайваст, ки бо ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи кишвар меҷанганд.

XS
SM
MD
LG