Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони Иттиҳодияи Аврупо бидуни Кэмерон ҷамъ омаданд


Дэвид Кэмерон нишастро тарк мекунад

Дэвид Кэмерон нишастро тарк мекунад

Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бори аввал дар ҳайати нав бидуни ҳузури нахуствазири Бритониё ҷаласа доир намуда, роҳҳои тақвияти ниҳод пас аз хурӯҷи Бритониёро баррасӣ карданд. Дэвид Кэмерон дар ҷаласаи рӯзи дуввуми нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел рӯзи 29 июн ҳузур надошт.

Раисиҷумҳури Литва Даля Грибаускайте гуфт, мо имрӯз дар бораи ваҳдат ва омодагӣ ба давраи гузариш баъд аз хурӯҷи Бритониё бояд фикр кунем.

Ба гуфтаи хонум Грибаускайте, сарони Иттиҳодияи Аврупо "бояд рӯи масоиле тамаркӯз кунанд, ки барои мардум муҳим аст ва на барои элитаҳои сиёсӣ". Масоили барои мардум муҳим - бӯҳрони муҳоҷират ва рушди иқтисодиёт аст, афзуд ӯ.

Ба гуфтаи дипломатҳо, қарор аст, ки сарони 27 кишвари Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба таҷдиди иттиҳодия изҳороти муштарак нашр кунанд.

Дар раъйпурсии рӯзи 23 июн 52 дар сади бритониёвиҳо аз хурӯҷи кишварашон аз Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ карданд, 48 дар сад хостори дар ин ниҳод боқӣ мондани Бритониё шуданд.

XS
SM
MD
LG