Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гӯшае аз ҳавлии кӯчак дар баландтарин нуқтаи маҳаллаи Чашмасор сарпаноҳи муваққатии Қурбонбӣ аст. Ӯ дар ин ҷо бо яке аз духтаронаш ба сар мебарад. Ин хонаи кӯчакро бародари шавҳари собиқаш ба Қурбонбӣ додааст ва қарор аст то чанд моҳи дигар, яъне то замони бозгашти ӯ аз Русия хонаро холӣ кунад. Аммо аз ҳоло Қурбонбӣ нигарон аст, ки баъдан ба куҷо хоҳад рафт?

Қурбонбӣ шаш сол аст, ки ба қавли худаш дарбадар аст. Шаш соли пеш дар пайи ҷанҷолҳои хонаводаӣ ӯ аз шавҳараш талоқ гирифт ва бо ду кӯдаки ноболиғаш ба хонаи падариаш баргашт, ба умеди ин ки бародараш гӯшае аз он хонаи падариро ба ӯ медиҳад. Аммо бародараш Қурбонбӣ ва фарзандонашро ба хона роҳ надод.

"Бародарам бо занаш бе ягон огоҳӣ маро аз қайди хона бароварданд ва хонаро ба номи худашон карданд. Чӣ мешуд, ки мани беморро то мурданам дар як гӯшаи хонаи модарам ҷо мекарданд?" - мегӯяд Қурбонбӣ, дар ҳоле ки ашк рӯяшро мешӯяд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Қурбонбӣ аз вазни изофӣ, дарди пову қалб ва гурда ранҷ мебарад ва ба ҳамин далел наметавонад зиёд роҳ раваду кор кунад. Роҳи ягонаи пешбурди рӯзгори ӯ ва духтари 18-солааш талбандагӣ дар назди масҷидҳои Душанбест. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд ин кор шармовар аст, вале чорае дигар надорад.

Монанди Қурбонбӣ ҳазорҳо зани дигар дар Тоҷикистон аз волидони худ молеро ба мерос намегиранд. Аз рӯи суннатҳои тоҷикон хонаи волидон моли писар ҳисоб мешавад ва волидон қабл аз марги худ тамоми амволашонро ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ ба писарон васият мекунанд. Духтарҳо маъмулан аз мерос маҳруманд.

Матлуба Бобоҷонова

Матлуба Бобоҷонова

Матлуба Бобоҷонова, ҳуқуқшиноси “Лигаи занҳои ҳуқуқдон”, мегӯяд, қонунҳои Тоҷикистон дар масъалаи тақсими мерос ба меросбарҳо, новобаста ба ҷинси онҳо бархӯрди яксон дорад. “Пас аз марги волидон, дар сурате ки агар васиятнома нагузошта бошанд, тамоми моли онҳо бар асоси қонун, дар байни фарзандон баробар тақсим мешавад. Аммо агар падару модар дар вақти зинда буданашон хонаву дари худро ба яке аз фарзандон ба таври хаттӣ васият карда бошанд, дар ин сурат коре карда наметавонем. Аммо фарзандони маълул, корношоям ва ноболиғ новобаста ба васияти волидон ҳақ ба мерос доранд,” - мегӯяд Бобоҷонова.

Занҳое, ки аз мероси волидони худ маҳрум мондаанд, баъзан баъди мурофиаҳои тӯлонии додгоҳӣ, ки умдатан барои тақсими дубораи мерос замина пайдо намекунанд, рӯ ба масҷиду рӯҳониён меоранд, то бародари онҳоро ба сари инсоф биёранд ва дар гӯшае аз хонаи падарӣ маскун шаванд. Аммо заминаҳои мазҳабӣ низ чандон ба фоидаи духтарҳо нест.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Ҷамолиддини Хомӯшӣ, раҳбари шуъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, пас аз марги волидон тақсими мерос миёни фарзандони писар ва духтар фарқ мекунад: “Ҳаққи ҳар як инсон дар Қуръон дар сураи Нисо муайян ва мушаххас шудааст. Баъд аз чашм пӯшидан фарз кардем, агар инсони фавткарда фарзанд дошта бошад, ҳаштяки молро ҳамсари ӯ мегирад. Агар ҳам духтару ҳам писар дошта бошад, як писар ҳаққи ду духтарро мегирад. Яъне, ду духтар дар гирифтани ҳақ баробари як писар аст. Далели ду баробар кам гирифтани занҳо ин аст, ки махориҷи занҳо тибқи Ислом асосан бар уҳдаи мард аст.”

Ӯ мегӯяд, барои пас аз марги волидон сар назадани баҳси тақсими мерос миёни фарзандон, волидон бояд қабл аз марг мероси худро байни писарону духтарон аз рӯи адолат тақсим кунанд.

Бисёре аз ҷомеашиносон маҳдудияти духтарҳоро дар гирифтани мерос ба мардсолор будани ҷомеаи Тоҷикистон низ рабт медиҳанд. Ба гуфтаи Ҳафиз Бобоёров, ҷомеашиноси тоҷик, азбаски идомаи насли як авлод ба мард бастагӣ дорад, интиқоли моликият низ тавассути мард сурат мегирад.

Ҳафиз Бобоёров

Ҳафиз Бобоёров

“Дар ин гуна ҷомеаҳо як хосияте ҳаст, ки агар моликияти моддӣ ва иқтисодӣ ба ғайри мард интиқол дода шавад, вай ҳатман бегона мешавад. Ҳамин гуна фаҳмиш дар фарҳанги мо вуҷуд дорад, ки агар моликият ба зан интиқол ёбад, бегона карда мешавад. Чунки вақте зан соҳиби моликияти падари худ мешавад, вай моликиятро ба насли шавҳари худ, ки бегона дониста мешавад, интиқол медиҳад,” – шарҳ дод Бобоёров. Ӯ гуфт, маҳз ҳамин гуна интиқоли падарсолоронаи мерос ба фарзанд боис ба поймол шудани ҳаққи занон дар ҷомеа мешавад.

Қаҳрамони қиссаи мо Қурбонбӣ ба ҷуз аз додгоҳ, бахти худро дар ҳама идораҳои дигар санҷидааст ва ҳатто ба раҳбарони Тоҷикистону Русия нома задааст, ки ба ӯ ёрӣ кунанд, аммо ба ҷое нарасидаст. Коршиносони умури занон мегӯянд, барои таъмини адолати ҷинсӣ бояд зеҳният ва фарҳанги ҷомеа иваз шавад, то фарзандонро ба худиву бегона тақсим накунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG