Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарор кард, ки Иди имсолаи Рамазон ё Фитр дар кишвар рӯзи чоршанбеи 6 июл таҷлил шавад. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, 29 июн гуфт, намози ид дар ҳамаи масоҷиди кишвар соати шашуними субҳ оғоз меёбад. Бар асоси тақвиме, ки қаблан Шӯрои уламо нашр ва паҳн карда буд, рӯзи охири моҳи шарифи Рамазон 5 июл нишон дода шудааст. Имсол мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз ин ҳисоб 435 сомонӣ закот дода хоҳад шуд. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ барои ҳар нафар 5 сомонӣ таъин гардидааст.

XS
SM
MD
LG