Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъд аз чанд сол сарнавишти Тоҷикистон ба дасти насли "баъд аз истиқлол" мегузарад, насле, ки баъзеҳо онро хушбахту ҷаҳондидаву ояндасоз мехонанд ва иддае - насли камсавод, муҳоҷир ва бебарор.

Давлати Исо, як ҷавони тоҷик мегӯяд, ки бори аввал дар арафаи ҷашни истиқлол зодрӯзашро дар ҳалқаи ҳамшаҳриҳои муҳоҷираш дар як шаҳраки канори Маскав таҷлил хоҳад кард. Ӯ як рӯз пеш аз эълони истиқлолияти Тоҷикистон таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ва ду соли таҳсил дар донишгоҳ ба сафи садҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ дар Русия пайвастааст. «Ман гоҳҳо ба шаҳр мебароям ва он ҷо ҳамшаҳриҳо, бачаҳои ҳамсинну соли худамро мебинам, ки бо тарс кӯчаҳоро убур мекунанд. Ин тарс нигоҳи онҳоро ва ҳатто тарзи роҳравии онҳоро дигар кардааст" -мегӯяд Давлат.

Музаффар Олимов

Музаффар Олимов

Дар чаҳоряк аср як насл бузург мешавад – онҳое, ки 25 сол пеш таваллуд шудаанд, мактаби миёна ва баъзеҳо мактаби олиро хатм кардаанд ё соҳиби касбу коре шуда, то ҳадде дар ҷомеъа мақом ҳам пайдо кардаанд, мегӯяд таҳлилгари тоҷик Музаффар Олимов. Ӯ меафзояд, ки “насли истиқлол” хислатҳои мусбату манфии зиёд дорад, ки ҳанӯз мавриди пажуҳиши фарогир қарор нагирифтаанд.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР”, насли имрӯзро дар муқоиса бо насли пешин, як насли "вораста” мехонад, ки дар сарзамини мустақили тоҷикон ба дунё омадааст ва забону ҳуввияту тору пудаш тоҷикист.

Сайёфи Мизроб

Сайёфи Мизроб

"Бешак, насли мо босаводтар буд, вале, агар ёд дошта бошед, замони шӯравӣ миллат ба ду қисм тақсим шуда буд – ба тоҷикҳои “маҳаллӣ”, ки бо тоҷикӣ ҳарф мезаданду вафодор ба расму русуми милливу мазҳабӣ буданд ва ба тоҷикҳои русзабон, ки гуфтору пиндору фарҳангашон русӣ буд. Тоҷикҳои русзабон бештар дар шаҳру шаҳракҳо ба сар мебурданд, аз боғча то мактаби миёнаву мактаби олӣ бо забони русӣ таҳсил мекарданд ва аз ин рӯ, забону дину мазҳаб ва ҳуввияти миллиро тақрибан гум карда буданд. Имрӯз хуб аст ё бад, ҳамон таззоди фарҳангӣ аз байн рафтааст”, мегӯяд хабарнигори тоҷик.

Мунира Иноятова

Мунира Иноятова

Собиқ вазири маорифи Тоҷикистон Мунира Иноятова мегӯяд, ки насли нав дар шароити бозори иқтисодӣ бузург шудааст, бештар ба манфиати худ фикр мекунад ва арзишҳое чун сарсупурдагӣ ба як бегона барояш аҳамият надоранд. Ӯ мегӯяд, ҷавонҳои имрӯз мададгор нестанд, агар касе аз онҳо кӯмак хоҳад, пеш аз ҳам фикр мекунад, ки подош чӣ хоҳад буд.

Аммо бештари таҳлилгарон ба ин нукта таъкид мекунанд, ки насли навро бояд аз зовияи дониш ва ҷаҳонбинии муосир доштанаш, ҳушманд буданаш, таваҷҷуҳаш ба сиёсат ва арҷгузориаш ба ватану миллат баҳо дод, зеро ин насл баъд аз панҷ-даҳ сол дасти кам 70 дар сади аҳолии Тоҷикистонро ташкил хоҳад дод ва сарнавишти миллату кишвар аз онҳо вобаста хоҳад буд.

“ЭЪТИРОЗҲО ЗАМОНАВӢ ШУДААНД”?

Муҳоҷири тоҷик Давлати Исо мегӯяд, насли нав мубориз нест, на танҳо дар Русия, балки дар Тоҷикистон низ наметавонад аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад. “Бинед вазъияти бади Тоҷикистонро, бекорӣ, камбағалӣ, фасод... Вале ҳама сархаму хомӯш, касе намепурсад, ки чаро ин тавр аст, чаро мо бояд дар чунин шароит зиндагӣ кунем.? Чунки ҳоло даврае шудааст, ки кас ҳатто ба хоҳару додараш боварӣ надорад, метарсад, ки фардо як ҳарфи муқобили ҳукумат гуфтаашон ба гӯши раҳбарон мерасаду ҳолаш табоҳ мешавад”, меафзояд ӯ.

Аммо Сайёфи Мизроб бо ин андеша мувофиқ нест ва мегӯяд, имконияти эътироз маҳдуд ҳам бошад, мардум, ба вижа, насли нав, эътироз мекунанд. “Агар ба шабакаҳои нигарем, мебинем, ки моломоли эътироз аст, оне, ки ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мепайванданд, ин ҳам эътироз аст”, мегӯяд ӯ.Сохтор ва банду басти насли ҷавон тарзе офарида шудааст, ки ҳатман эътироз мекунад, вале эътирозҳо акнун замонавӣ шудаанд ва насли ҷавон мушкилоти ҷомеъаро бо ҳукумат аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, Фейсбук матраҳ мекунад, меафзояд Сайёфи Мизроб.

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Аммо бештари таҳлилгарон иқрор мекунанд, ки насли ҷавон, ба истиснои баъзе аз гурӯҳҳои мансуб ба ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, таваҷҷуҳе ба сиёсат надоранд. Бетафовутӣ ба сиёсат на фақат ба насли баъд аз истиқлол, балки ба ҳама мардум дахл дорад, мегӯяд Музаффар Олимов. “Ва як сабаб он аст, ки одамон ба зиндагии ҳамарӯза ва ҳалли мушкилиҳои худ машғуланд. Вақте, ки ҷойи кор набошад ва бори зиндагӣ миёншикан бошад, магар кас дар бораи сиёсат фикр мекунад?

"Аз сӯи дигар, мардум аз сиёсат дилмонда ҳам шудаанд, зеро шароите, ки кас озодона ба сиёсат машғул шавад, мавҷуд нест. Агар ҳизбҳои сиёсӣ фаъол мебуданд ва байни ҷавонон кор мебурданд, шояд ин бетафовутӣ ба сиёсат кам-кам аз байн мерафт”, мегӯяд таҳлилгари тоҷик.

Аз нигоҳи Музаффар Олимов, насли имрӯз, ба ҷуз як теъдоди хело хурд, имкони аз зинаҳои мансаб боло рафтанро надорад ва ҳам як сабаби навмедии онҳост. Ва ин омил, тавре аз пурсишҳо маълум мешавад, боис шудааст, ки бештари мардум майли ба хориҷа рафтан доранд. Онҳо умедворанд, ки дар кишвари бегона соҳиби касб шудану рӯзгори хонаводаро таъмин кардан осонтар аст, мегӯяд мусоҳиби мо

ТАШНАГИИ МАЗҲАБИРО ШИКАСТАНДУ ИФРОТГАРО ШУДАНД?

Мусоҳибони мо иқрор мекунанд, ки насли нав мазҳабӣ ва эътиқодманд аст. Мардум “ташнагии ҳафтодсолагии мазҳабӣ”-и худро дар ду даҳсола чунон шикастанд, ки акнун арзишҳои як ҷомеаи дунявиро ба сахтӣ таҳаммул мекунанд, мегӯянд ҷомеашиносон.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, ки замони шӯравӣ ҳам мардум мусалмон буданд ва фаризаҳои илоҳиро иҷро мекарданд. “Ҳоло ифротгароӣ бештар шудааст, зеро баъд аз он ки мардум озодиро дарёфт карданду роҳ сӯи демократия гирифтанд, албатта, нерӯҳои пинҳонкор сар боло карданд ва худро чун мактабҳои бузурги исломӣ муаррифӣ намуданд, ки дар асл ин тавр нест", мегӯяд ӯ. Аз нигоҳи Сайфулло Сафаров, ҳамин “мактабҳо” ва гурӯҳҳои тундрав ҷомеъаи имрӯзи Тоҷикистонро мазҳабӣ ҷилва медиҳанд. Фаъолони ин гурӯҳҳо равияву тафаккури дур аз мазаҳаби Ҳанафиро тарғиб мекунанд, зеро дар Туркияву Эрону Мисру Покистону Урдун дар мадрасаҳое таҳсил кардаанд, ки ҳар яке исломро ба таври худ ташреҳ мекунанд.

Сайфулло Сафаров насли имрӯзро озодандешу ватандӯст, огаҳ аз таърихи миллату давлатдории миллӣ ва бунёдкор мехонад. Насли нав дар қиёс бо насли шӯравӣ ҷаҳондида аст, имкони кору таҳсил дар дар хориҷа ва ошноӣ бо фарҳанги дигар миллату қавмҳоро дорад, мегӯяд ӯ. Мардум ҳоло метавонанд иншооти азимро бунёд кунанд. "Солҳои аввали истиқлол ҳатто аз бунёди як пул аз болои рудхона метарсидем, аммо ҳоло тоҷикон дар бунёди иншоотҳои бузург ва роҳҳову пулҳову нақбҳо кор мекунанд", меафзояд Сайфулло Сафаров.

Аз нигоҳи Мунира Иноятова ҳам насли имрӯз имкониятҳои зиёд дорад ва зеҳнаш дар фанновариҳои муосир хело тез аст. "Бубинед, ки ҳатто як кӯдаки шашсола чӣ хел бо телефон сару кор дорад, талабаҳои мактабхон бо интернет метавонанд бо ҳама олам дар тамос бошанд, ҷавонон имкон доранд, ки ба хориҷа раванду донишу касб омӯзанд", мегӯяд ӯ. Мунира Иноятова меафзояд, агар дар баробари ин ҳама имкониятҳо маънивиёту фарҳанги ин насл боло мебуд, метавонистем ба фардои неки кишвар мутмаин шавем.

Музаффар Олимов насли имрӯзро ҳамагӣ рӯҳафтода аз пойдаргил намехонад. Ба гуфтаи ӯ, имкониятҳо фаровонанд ва барои онҳое, ки воқеъан дониш, тарбияи хуб ва малакаи зиндагӣ доранд, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Тоҷикистон шароитҳои хуб мавҷуданд.

Мусоҳибони мо бар онанд, ки чеҳраи насли имрӯзро бо як ранг – сиёҳ ё сафед наметавон тасвир кард. Агар ҷиҳатҳои манфиву мусбати ин наслро болои тарозу гузорем, шояд ягон паллаи он боло нашавад, мегӯянд онҳо. Таҳлилгарон бо таассуф иқрор мекунад, ки то имрӯз пажуҳише дар бораи насли имрӯз, аз ҷумла, "насли истиқлол" анҷом нашудааст, пажӯҳише фарогире, ки дар он ҳама ҷиҳатҳои манфию мусбати як насл пурра таҳқиқ ва бар пояи он барномаи давлатӣ таҳия шуда бошад...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG