Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Сайёраи 16-сола аз таркиши балони газ


Сайёраи Нуралӣ, сокини 16-солаи ҷамоати Зиракии Кӯлоб, бар асари таркиши балони газ ҷон додааст. Ин ҳодиса 27 июн рух дода ва як манбаъ аз Хадамотии оташнишонии Кӯлоб сабабашро “беэҳтиётӣ” гуфт.

Ӯ афзуд, “духтар газро боз карда, дар наздаш донаи гӯгирд намеёбад ва аз ҷои дигар коғазро оташ гиронда меорад. Бӯи ғализи газ алакай паҳн шуда будааст ва зуд оташ гирифтаву таркиш ба амал меояд.”

Ба қавли манбаъ дар натиҷаи ин таркиш ҳаштод дарсади бадани Сайёраи Нуралӣ сӯхта ва баъди интиқол ёфтанаш ба бемористон фавтидааст. Соли 2010 дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Кӯлоб таркиш ба амал омада, чанд нафар захмӣ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG