Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кремл гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барои бори нахуст аз замони суқути ҳавопаймои ин кишвар дар марзи Туркия бо Сурия бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон телефонӣ сӯҳбат мекунад. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин гуфт, ки тамоси телефонии рӯзи 29 июн бо ташаббуси ҷониби Русия сурат мегирад. Вале ӯ ҳушдор дод, ки дубора оддӣ сохтани равобити Русияву Туркия метавонад вақт бигирад. Равобити онҳо моҳи ноябри соли 2015, дар пайи зада шудани ҳавопаймои Русия аз сӯи ҷангандаҳои Туркия хароб шуд. Туркия мегуфт, ки ҳавопаймои русӣ зимни анҷоми амалиёт дар Сурия вориди ҳарими ҳавоии Туркия шудааст. Русия суқути ҳавопаймояшро “ ханҷар аз пушт” номид ва алайҳи Туркия як силсила таҳримот ҷорӣ кард. Эрдуғон баъди 7 моҳи танишҳо дар номае ба Путин барои суқути ҳавопаймои Русия ибрози таассуф кард. Маскав ин ҳарфҳоро ҳамчун узрхоҳӣ таъбир мекунад.

XS
SM
MD
LG