Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти охирин узви "бандаи ГТА" дар Душанбе


Шаҳрванди Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонов низ бо гумони узвият дар "бандаи ГТА" якуним сол боз дар боздошт қарор дорад.
Шаҳрванди Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонов низ бо гумони узвият дар "бандаи ГТА" якуним сол боз дар боздошт қарор дорад.

Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шаҳри Душанбе охирин узви "бандаи ГТА" дастгир шудааст. Як манбаъ дар вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ки Фаррухҷон Аъзамҷонови 38-сола дар Русия ба ғоратгарӣ, бандитизм ва ширкат дар куштори ронандагон дар шоҳроҳи М4 “Дон” айбдор мешавад ва ҳоло масъалаи истирдоди ӯ аз Душанбе ба Маскав дар дасти баррасӣ қарор дорад. Бино ба ин манбаъ, Аъзамҷонов ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” низ машғул будааст. Додгоҳи Маскав як рӯз қабл ҳукми ҳабси ғоибонаи Аъзамҷоновро содир кард. Як гурӯҳи роҳзани иборат аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар тирамоҳи соли 2014 бо иттиҳоми қатли 14 нафар дар шоҳроҳи “Дон” дастгир шуданд. Матбуоти Русия ба далели шабоҳати шеваи амали ин гурӯҳ бо Grand Theft Auto ном бозии компютерӣ ба он “бандаи ГТА” ном додаанд.

XS
SM
MD
LG