Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадалӣ Аҳмадов 4 моҳи дигар дар ҳабс мемонад


Маҳмадалӣ Аҳмадов баъди боздошт дар фурудгоҳи Домодедово
Маҳмадалӣ Аҳмадов баъди боздошт дар фурудгоҳи Домодедово

Додгоҳе дар вилояти Самараи Русия замони ҳабси 4 нафари гумонбар дар қатли афсари баландпояи пулис Андрей Гошт ва 5 узви хонаводаи ӯро барои 4 моҳи дигар, то 24 октябр тамдид кард. Бо иттиҳоми қатли 6 узви як хонавода шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аҳмадов ва се шаҳрванди Озарбойҷон – Орхан Зохрабов, Роман Фаталиев ва Ислом Бобоев – дастгир шудаанд.

Ғоратгарон шаби 24 апрел ба манзили падари Гошт дар рустои Ивашевкаи ноҳияи Сизран ҳамла оварда, ҳамаи аҳли ин хонаро куштанд. Се зодаи Озарбойҷон алакай рӯзи 30 апрел дар Самара ва Маҳмадалӣ Аҳмадов рӯзи 4 май, ҳангоми бозгашташ аз Тоҷикистон дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав дастгир шуданд. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки Аҳмадов ихтиёран ба Русия баргаштааст, то ки бегуноҳиашро собит кунад. Вале дар моҳи июн вазири дохилаи Русия ба ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода барои кумак дар парвандаи Андрей Гошт медал дод.

Дар пайи куштори хонаводаи ин афсари пулис як гурӯҳи сиёсатмадорони рус хостори ҷорӣ кардани виза бо Осиёи Марказӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG