Пайвандҳои дастрасӣ

Силсилаи ҳамлаҳо дар соати рӯзакушоӣ


Сарбозони яманӣ дар Мукалло. Акс аз бойгонӣ

Сарбозони яманӣ дар Мукалло. Акс аз бойгонӣ

Дар силсилаи бомбгузориҳо алайҳи нирӯҳои давлатӣ дар шаҳри бандарии Мукалло дар ҷануби Яман, ки як замон дар дасти Ал-Қоида қарор дошт, дастикам 42 нафар кушта шудаанд. Дар ин ҳамла, ки масъулияташро гурӯҳи ҷангҷӯи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифт, 27 тани дигар захмӣ шудаанд. Мақомот мегӯянд, идораҳои амниятӣ, казармаҳои артиш ва посгоҳҳо замоне ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд, ки сарбозон ва маъмурони амниятӣ ба кушодани рӯзаи моҳи Рамазон омодагӣ мегирифтанд. Ҳам Ал-Қоида ва ҳам “Давлати исломӣ” ҳамлаҳои худро дар Яман афзоиш дода, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвари фақири арабӣ равғани бештар мерезанд. Дар Яман ҳамин тавр, чирикиҳои шиъа аз қабилаи ҳусӣ бо ҳукумати аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ эътирофшудаи раисиҷумҳур Абд Рабу Мансур Ҳодӣ меҷанганд. Дар музокироти сулҳи байни давлат ва чирикиҳо то ҳол пешрафти ночизе ба даст омадааст.

XS
SM
MD
LG