Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши хунин дар як масҷиди Ироқ


Мақомоти Ироқ мегӯянд, бар асари таркиши маргталабонаи шоми 27 июн дар масҷиди Абу Ғрайб, воқеъ дар тақрибан 20-километрии ғарби Бағдод дастикам 12 нафар кушта ва 21 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Касе масъулияти ин нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар атрофи Бағдод дар пайи эълони пирӯзии нирӯҳои давлатии Ироқ бар ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Фаллуҷаро ба дӯш нагирифтааст. Нирӯҳои Ироқ рӯзи 26 июн эълон карданд, ки Фаллуҷаро пурра аз ҷангҷӯён пок кардаанд. Намозгузорон дар масҷиди минтақаи умдатан суннинишини Абу Ғрейб баъди анҷоми рӯзаи моҳи Рамазон ҷамъ шуда буданд. “Давлати исломӣ” аз тарафдоронаш даъват кардааст, ки ҳамлаҳои худро дар Рамазон афзоиш диҳанд. Аммо “Давлати исломӣ” асосан шиъаҳоро ҳадафи ҳамла қарор медод.

XS
SM
MD
LG