Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин нишасти ИА баъди "Брэкзит"


Шоми 28 июн дар Брюссел нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо оғоз мешавад. Ин нахустин нишасти сарони Аврупо баъд аз раъйпурсии рӯзи 23 июн дар Бритониёст, ки дар он беш аз нисфи мардуми ин кишвар барои хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо овоз доданд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ва сарвазири Итолиё Маттео Рензи як рӯз қабл аз нишасти Брюссел дар як баёнияи муштарак гуфтанд, ки Аврупо “муттаҳид” боқӣ мемонад. Онҳо гуфтанд, то замоне ки Бритониё бар асоси банди 50-уми Паймони Лисабон раванди расмии хуруҷро сар накунад, кадом музокироти ғайрирапсмие бо Лондон пиромуни равобити ояндааш бо Иттиҳодияи Аврупо рӯи даст гирифта намешавад. Сарвазири кунунии Бритониё Девид Камерон, ки баъди эълони натиҷаҳои раъйпурсӣ истеъфо дод, оғози раванди хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупоро ба нафаре, ки ба ҷои ӯ хоҳад омад, вогузор кардааст. Маттео Рензи гуфт, нишасти навбатӣ бояд рӯи азсаргирии тарҳи Аврупо тамаркуз кунад, на рӯи хуруҷи Бритониё.

XS
SM
MD
LG