Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳузури 33 сокини Бадахшон дар ҷангҳои бегона


Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо сокинону фаъолони Бадахшон. Хоруғ, 28 июни 2016

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо сокинону фаъолони Бадахшон. Хоруғ, 28 июни 2016

33 сокини вилояти Бадахшон барои иштирок дар ҷанги кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ироқу Сурия рафтаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 28 июн ҳангоми суҳбат бо фаъолони вилояти Бадахшон дар Хоруғ гуфт, "27 нафари онҳо аз ноҳияи Ванҷ ҳастанд".

Оқои Раҳмон афзуд, "бештари ин шахсонро онҳое ташкил медиҳанд, ки дар хориҷи кишвар таълимоти динӣ гирифтаанд.” Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди талошҳо барои баргардондани ҷавонон аз мадрасаҳои исломии кишварҳои хориҷӣ ҳанӯз теъдоди зиёди онҳо ғайриқонунӣ ба таҳсилашон идома медиҳанд. "Дар ҳоли ҳозир 200 нафар, ки бештари онҳоро сокинони ноҳияи Ванҷ (113), Дарвоз (15) ва Мурғоб (15) ташкил медиҳанд, ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷи кишвар қарор доранд," – гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон се рӯзи пеш ҳангоми мулоқоташ бо сокинони ноҳияи Ванҷ низ гуфта буд, ки "фарзандони худро аз роҳи бад гардонед ва оқибатҳои бади гароиш ба гурӯҳу равияҳои террористиву экстремистиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонед".

Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла, дар Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя солҳои охир як мояи ҷиддии нигаронии мақомоти тоҷик боқӣ мемонад. Ба иттилои расмӣ, беш аз 1000 сокини кишвар ба саффи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва танҳо аз Сурияву Ироқ дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон гузоришҳо расидаанд.

XS
SM
MD
LG