Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷузъиёти мулоқоти Тошканд. Раҳмону Каримов дар бораи чӣ гуфтанд? (САДО)


Дидори раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон. Тошканд, 23 июни 2016

Дидори раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон. Тошканд, 23 июни 2016

Аз 13 аксе, ки Хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон аз дидору мулоқоташ бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов нашр кард, раҳбарони ду кишвар дар 7 маврид канори ҳам дар ҳоли ханда ба намоиш гузошта шудаанд.

Сокинони Тоҷикистону Узбакистон, ки, инак, беш аз 15 сол боз танҳо бо гирифтани “виза” (раводид) имкони сафар ба кишварҳои якдигарро доранд, нашри аксҳои пур аз хандаи раисҷумҳуронро як навъ аломати нармиш дар равобити ду кишвар пазируфтанд. Равобите, ки ба бовари аксар таҳлилгарон ба муносиботи шахси ду раисиҷумҳур сахт вобаста аст.

Даниил Кислов, сармуҳаррири пойгоҳи хабарии “Фарғона”, 28 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, суҳбатҳо дар мавриди беҳтар шудани муносибатҳо ё ба истилоҳ об шудани ях дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистон ду сол боз идома доранд, вале дар асл ҳеч беҳбуде дар ин муносибот ба чашм намерасад. Ӯ гуфт, "Ислом Каримов Узбакистонро як кишвари калидии Осиёи Миёна медонад ва мехоҳад, ки ҳамсоякишварҳояш бисёр масъалаҳоро бо ӯ “як ба як” дар миён гузоранду ҳал кунанд, на тавассути ҳар гуна созмонҳое мисли Ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё."

Даниил Кислов

Даниил Кислов

Кислов мегӯяд, бар хилофи он ки Каримов мехоҳад, Тоҷикистон дар бисёре аз масоил ба ҳарфи ӯ гӯш диҳад ва ё гузашт кунад, президент Раҳмон сиёсати мустақили худро пеш мебарад ва зоҳиран ҳамин гуна сӯитафоҳумҳо муносибатро мушкил кардаанд. Аз ин рӯ, мегӯяд Кислов, аз мулоқоти ду раисҷумҳур, ки дуяшон дар пешбурди мустақилонаи сиёсатҳояшон аз якдигар кам омаданӣ нестанд, набояд интизори ба таври қобили мулоҳиза хуб шудани муносибатҳои ду кишварро интизор шуд.

Маъмулан расонаҳои давлатии Узбакистону Тоҷикистон аз ин гуна мулоқоти раҳбарон гузоришҳои хушку расмие пахш карда, аз иқтибоси нутқи президентҳо худдорӣ меварзанд. Аммо ин бор телевизионҳои давлатии Узбакистон мулоқоти раҳбарони ду кишвари ҳамсояро ба таври густурда намоиш доданд.

Телевизиони давлатии Узбакистон - “Тошкент” чанд порча аз гуфтугӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримовро нашр кард, ки ба баъзе аз ҷузъиёти мулоқоти онҳо рӯшанӣ меандозад. Дар як гузориши ин телевизион, аз ҷумла як порча аз суханронии Ислом Каримов оварда шудааст, ки мегӯяд омодааст се масъаларо дар ин мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш матраҳ кунад.

“Якчанд масъаларо мехостам дар ин мулоқот матраҳ кунам, ки дар доираи он тавонем табодули андеша кунем. Аввал масълаи амнияти кишварҳои мо. Дувум робитаҳои иқтисодӣ ва севум роҳ надодан ба роҳкардҳои блокӣ (блоковый подход) дар ҳалли масъалаҳои миёни кишварҳоямон,” - иброз доштааст Ислом Каримов.

Дар ду соли охир ин барои бори дувум аст ки Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов маҳз дар ҳошияи ҳамоишҳои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбеву Тошканд бо ҳам мулоқот мекунанд. Ислом Каримов дар бисёре аз мулоқот ва суханрониҳояш дар робита ба муносибат бо Тоҷикистон маҳз дар мавриди аз байн бурдани “изи ҷониби севум” ва аз байн бурдани “таъсири ин ва ё он блокҳои иқтисодиву ҳарбӣ” ҳарф мезанад. Ин таъкидҳои ба такрори Каримов аз чӣ аломат медиҳанд?

Абдуғанӣ Мамадазимов, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, Узбакистону Тоҷикистон ба истиснои Туркманистон, ки сиёсати бетарафиро ихтиёр кардааст, ду кишвари Осиёи Миёна ҳастанд, ки ҳанӯз шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёии ташкилкардаи Русия нестанд.

"Аз ин рӯ, Узбакистон зиёд мехоҳад, Тоҷикистон ҳам шомили ин иттиҳод нашавад. Чунки агар Тоҷикистон шомили ин Иттиҳод шавад, Узбакистон танҳо кишваре мемонад, ки шомили ягон иттииҳоди минтақавӣ нест. Ишораҳои Каримов дар мавриди роҳ надондан ба роҳкардҳои блокӣ дар муносиботи ду кившар низ аз ҳамин ҷо об мехӯранд,” – мегӯяд Мамадазимов.

Абдуғанӣ Мамадазимов

Абдуғанӣ Мамадазимов

Ин таҳлилгари тоҷик афзуд, Русия фаъолона Узбакистонро барои шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташвиқ мекунад, аммо Узбакистон намехоҳад шомили ин иттиҳод шавад ва аъзо набудани Тоҷикистон ба он як далели бориз дар гуфтушунидҳояш бо Русия аст. “Аз ин рӯ, Узбакистон намехоҳад, ки ин қартаашро аз даст бидиҳад,” – гуфт Абдуғанӣ Мамадазимов.

Аммо ба фарқ аз Даниил Кислов, Абдуғанӣ Мамадазимов бар ин аст, ки тезутунд шудани муносиботи абарқудратҳо ва конюктураи геополитикӣ дар минтақа Тоҷикистону Узбакистонро ба коҳиш додани танишҳо водор месозанд.

Равобити Тоҷикистону Узбакистон пас аз касби истиқлоли онҳо дар соли 1991 ҳеч гоҳ тахту ҳамвор набуд, аммо пас аз азми қавии Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун вориди як марҳилаи наздик ба “ҷанги сард” шуд. Сараввал Узбакистон дар равуои озоди қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон мониа эҷод кард ва баъдан қимати боҷи транзитиро барои ҳамсояаш ба таври бесобиқа то ба 60 дарсад боло бурд.

Дар натиҷаи ин, солиёни мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Узбакистон ба шиддат коҳиш ёфта, дар як соли охир ҳамагӣ 12 миллион долларро ташкил кардааст, ки барои ду ҳамсоякишвар, албатта, хеле ночиз аст. Барои муқоиса, тиҷорати Тоҷикистон бо Узбакистон дар оғози солҳои 2000-ум ба 500 миллион доллар баробар буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG