Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия барои суқути ҳавопаймо аз Русия узр хост


Реҷеп Тайип Эрдуғон

Реҷеп Тайип Эрдуғон

Русия мегӯяд, ки Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия дар як нома аз Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия барои суқут додани ҳавопаймои низомии Русия узр хостааст. Ин ҳодиса соли гузашта рух дода буд.

Дмитрий Песков-сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт, “раҳбари Туркия ба хешовандони халабони кушташуда таслияти амиқи худро фиристодааст ва хостааст, ки узри вайро қабул кунанд”.

Песков афзудааст, ки Эрдуғон мехоҳад, то ҳама чиз барои равобити дӯстонаи миёни Туркияву Русия барқарор шавад.

Баъд аз суқут додани ҳавопаймои низомии Русия дар моҳи ноябри соли гузашта аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ Русия бар зидди Туркия таҳрими иқтисодӣ эълон кард.

Путин гуфта буд, ки агар Туркия бахшиш напурсад, муносибатҳо барқарор нахоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG