Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроилу Туркия мехоҳанд, муносибатҳояшонро оддӣ созанд


Исроилу Туркия баъди буҳрони давомдори дипломатӣ мехоҳанд, муносибатҳояшонро дубора муътадил созанд.

Муносибатҳои ин ду кишвар дар соли 2010 баъди ҳодисаи "Корвони озодӣ" бад шуд. Он замон нерӯҳои исроилӣ пеши роҳи киштии туркии "Мави Мармара"-ро гирифтанд. Ин кишти мехост ба соҳили муҳосирашудаи навори Ғазза биравад. Дар ин ҳодиса 10 фаъоли ҳаводори Фаластин кушта шуд.

Исроил он замон гуфта буд, ки киштӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз интиқоли силоҳ тафтиш шуда буд. Дар пайи ин ҳодиса Туркия сафирашро аз Исроил боз хонд ва Тел-Авив ҳам сафирашро аз Анкара берун овард.

Имрӯз интизор меравад ҷузъиёти созишномаи ду кишвар нашр шавад.

XS
SM
MD
LG