Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон назорати бойториро дар марз бо Қазоқистон пурзӯр кард


Хадамоти назорати давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии Қирғизистон баъди сабт шудани ҳолатҳои бемории сиёҳзахм (сибирская язва) дар Қазоқистон тасмим гирифтааст, назорат дар марзҳои кишварашро пурзӯр кунад.

Бино бар иттилои ин ниҳод, ҷониби Қирғизистон бо навиштани як нома аз комиссияи иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даъват кардааст, ки паҳн шудани гӯшту маҳсулоти ширии ҳайвонҳои бемор дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳод пешгирӣ шавад.

Ҳафтаи гузашта ду сокини вилояти Қазоқистони Шарқии Қазоқистон бо аломати бемории сиёҳзахм бистарӣ гардиданд. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Қарағанда ду нафар аз ин беморӣ фавтида буд.

XS
SM
MD
LG