Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шарқи Лубнон дар натиҷаи ҳамлаи як бамгузори маргталаб 5 нафар кушта, дастикам 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Шабакаи телевизионии Ал Манори Ҳизбуллоҳ 27 июн гузориш додааст, ки чанд бамгузори маргталаб дар шаҳраки Қаъа дар наздикии марз бо Сурия дар байни одамон худро таркондаанд.

Шаҳрдори Қаъа ба радиои Садои Лубнон гуфтааст, ки ҳамаи кушташудагон ғайринизомиён будаанд, вале дар миёни захмишудагон 3 сарбози лубнонӣ низ ҳастанд.

Лубнон дар давоми ҷанги панҷсола дар Сурия ҳар вақт мавриди ҳамлаи тундравҳо қарор мегирад. Дар Сурия гурӯҳҳои тундрави шиа ба ҷонибдорӣ аз президент Башор Асад меҷанганд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG