Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осборн: Британия ба пешомади хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо омода буд


Ҷорҷ Осборн

Ҷорҷ Осборн

Ҷорҷ Осборн-вазири молияи Британия мегӯяд, ки кишвараш омода буд, то баъд аз нокомӣ дар райдиҳӣ ва хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо корҳои худро пеш барад.

27 июн гуфт, ки вай баъд аз эълони натиҷаҳои райпурсӣ дар 24 июн мунтазам бо Марк Карней-раҳбари Бонки Англия дар тамос буд ва илова кард, ки дар сурати зарурат барномаҳои иловагии ғайри қобили пешбинӣ омода буд.

Вай гуфт, ки ҳамчунин бо ҳамкорони аврупоии худ, бо раҳбарони бонки марказӣ, бо мудири иҷроии Сандуқи Байналмиллалии Пул , бо вазири молияи Амрико ва ҳамчунин бо раҳбарони ниҳодҳои асосии молии Британия робита дошт.

Вай афзуд, “мо барои вазъи ғайри қобили пешбинӣ ва барои ҳар пешомад омода будем”. Арзиши паунд-пули миллии Британия бори дигар дар бозорҳои Осиё 27 июн поин рафт ва эҳтимол меравад, ки он натиҷаи райпурсӣ бошад.

XS
SM
MD
LG