Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвиз Саидраҳмонов, бо тахаллуси Абу Довуд, ки дар майдонҳои ҷанги Ховари Миёна қарор дорад, Радиои Озодиро барои навори "Сумая падарашро интихоб кард" маҳкум кард ва гуфт, ки ҳеч видео ё барномае наметавонад ӯро аз "ҷиҳод" пас гардонад. Абу Довуд, ки моҳҳо боз бо хонаводааш дар тамос нест, пайғоми видеояишро рӯзи 24 июн нахуст ба "майдони баҳс"-и Озодӣ фиристод ва сипас дар Ютуб пахш кард.

Ин ҷангии тоҷик дар ҳоле ки қиссаи видеоии духтарашро "фитнаангез" номидааст, мегӯяд, "агар Шумо бо пахши хабари гумном шудани ман ва ба навор бардоштани модару фарзанди ман фикр кунед, ки маро аз роҳи ҷиҳод бармегардонед, иштибоҳ мекунед. Агар аз "мясорубка" ҳам гузаронед, то охири роҳ меравем."

Парвиз Саидраҳмонов ду соли пеш аз Маскав ба Ироқ рафт ва ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” пайваст. Абу Довуд то ду моҳи пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои таблиғии ин гурӯҳро нашр мекард. Зоҳиран ӯ як тоҷики пурнуфузи ДИИШ аст, ки Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик дар лаҳзаҳои аввали фирор зери раҳнамоии ӯ ба ҷанг мерафт ва суханронӣ мекард. Абу Довуд ё худ Парвиз дар наворҳои зиёд, ки зоҳиран аз қаламрави Ироқ сабт шудаанд, бо як лаҳни тунд сӯҳбат мекунад.

Сумаяи чорсола, духтари Абу Довуд падарашро танҳо аз рӯи аксу видеоҳо ёд дорад. Ин кӯдак каме бештар аз ду сол дошт, ки падараш ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пайваст ва аз зиндагии ӯ нопадид шуд.

Сумая чеҳраи падарашро аз аксҳое ёд дорад, ки дар девори хона ва албоми хонаводагӣ ҳифз шудаанд. Ӯ аломатҳои падарашро дар чеҳраи ҳар мард ҷустуҷӯ кард ва билохира рӯзе ӯро ёфт. Рӯзе дар телевизион навори Шаҳриёри Давлат, як овозхони тоҷикро дид ва аз модарбузургаш талаб кард, ки падарашро ба наздиш биёрад. “Шаҳриёр дадаҷонам аст. Дӯсташ медорам. Бароям суруд мехонад. Мехоҳам ҳамроҳи мо зиндагӣ кунад ва дигар ба ҳеҷ куҷо наравад," - мегӯяд Сумая.

Акси Шаҳриёри Давлат (чап) ва Парвиз Саидрамҳонов

Акси Шаҳриёри Давлат (чап) ва Парвиз Саидрамҳонов

Ин овозхон воқеан ҳам ба Абу Довуд монандӣ дорад. Чеҳра, мӯи сар, ишораҳо ва қаду қомати Шаҳриёр дар зеҳни кӯчаки Сумая падарашро падидор мекунад. Шаҳриёри Давлат ду ҳафта пеш, ки ба дидорбинии Сумая омада буд, гуфт: “Ба Худо, намедонам, гиря кунам ё ягон кори дигар. Бисёр мехоҳам ин кӯдакро бо худ бубарам, зеро ӯ зуд-зуд маро ёд мекунад.”

Сумая аз камтарин кӯдаки тоҷик аст, ки як ҳамсимои падари ҷиҳодиашро пайдо кардааст. Мисли Парвиз Саидраҳмонов беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд ва аксаран оилаву фарзанд доштанд. Садҳо кӯдаки тоҷик ба мисли Сумая дар ҷустуҷӯи падарони гумгаштаи худ ҳастанд. Дунёи кӯдакии онҳо ҷангро намешиносад.

Наздикони Абу Довуд гуфта буданд, ки ӯ ним сол боз бо хонаводааш дар тамос нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG