Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул роҳҳои мубориза бо одамрабоиро меҷӯяд


Мақомоти Афғонистонро бадтар шудани вазъи амниятӣ ва аз ҷумла, афзоиши ҳодисаҳои одамрабоӣ дар шоҳроҳҳои кишвар, водор ба андеша ва ҷустани роҳи ҳалли мушкил кардааст.

Парлумони Афғонистон ахиран вазири дифоъ, вазири умури дохилӣ ва муовини раиси Хадамоти амнияти умумии кишварро барои посух гуфтан ба суолҳо оид вазъи амниятиву одамрабоӣ дар шоҳроҳҳо ба иҷлосия хонд.

Абдуллохон Ҳабибӣ, ки чанд рӯз пеш дар курсии вазири дифои Афғонистон нишаст, дар ҳузури вакилон гуфт, ки артиш ду моҳи ахир рӯи амалиётҳои хос тамаркӯз кардааст ва баъд аз расидани гузориш дар бораи ҳузури толибон ё мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба онҳо зарба мезанад.

Абдуллохон Ҳабибӣ

Абдуллохон Ҳабибӣ

Ба гуфтаи Тоҷмуҳаммад Ҷовид, вазири умури дохилии Афғонистон, се ниҳоди қудратӣ – низомиёни артиш, полис ва кормандони амниятӣ дар бархе аз манотиқи кишвар амалиёти муштарак алайҳи гурӯҳҳои одамраборо роҳандозӣ кардаанд.

Дар ҷаласаи парлумон чун навбати сухан ба муовини раиси хадамоти амнияти умумии Афғонистон Масъуд Андаробӣ расид, аз хабарнигорон хостанд, ки толорро тарк кунанд. Ва аз ин рӯ, суоле, ки мақомот дар робита ба ҷилавгирӣ аз идомаи роҳзаниву одамрабоӣ чӣ чора ҷустаниянд, беҷавоб монд.

Ба иттилои расмӣ, одамрабоиҳо асосан дар масирҳои Кундуз-Тахор, Кундуз-Кобул ва Қандаҳор-Кобул рӯй медиҳанд. Ҷангиёни ҷунбиши “Толибон”, аз ҷумла, рӯзи 31 май аз 13 то 18 мусофири автобусҳои Афғонистонро эъдом карданд. Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба иттилои Ҳиҷратуллоҳ Акбарӣ, сухангӯи волии вилояии Қундуз навишт, ки толибон дар мавзеи Алиобод чаҳор автобусро нигаҳ дошта, 185 мусофирро гаравгон гирифтанд ва аз байни онҳо 13 нафарро ҳадафи тир қарор доданд.

Аммо мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ки толибон 18 нафар аз мусофирони автобусро ваҳшиёна кушта, ҷасади панҷ тани онҳоро ба рӯдхона андохтанд.

Дар ҳамин гуна ҳодиса дар шоҳроҳи Кундуз-Тахор 47 нафар ба дасти толибон уфтоданд. Чанд рӯз пеш толибон дар вилояти Ғазнӣ боз як автобусро нигаҳ дошта, шаш мусофирашро бо худ бурданд.

Толибон мегӯянд, ки ҳама афроди рабудашуда ва эъдомшуда – кормандони мақомоти давлатиянд, вале ба гуфтаи мақомоти Кобул, аксаран сокинони осоиштаи бегуноҳ ҳадафи ҳамла қарор мегиранд ё рабуда мешаванд..

Эътироз алайҳи одамрабоиҳои толибон дар шаҳри Кобул

Эътироз алайҳи одамрабоиҳои толибон дар шаҳри Кобул

Ҳафтаи гузашта Шӯрои амнияти миллии Афғонистон аз ин ҳаводис изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки бо афзоиши рабудани одамон мухолифини двлат мехоҳанд нокомиҳояшон дар ҷангро ҷуброн кунанд. Ба гуфтаи масъулини Шӯро, ҳукумат дар садади таҳияи тарҳест, ки бар пояи он амнияти мусофирон таъмин ва аз одамрабоӣ ҷилавгирӣ хоҳад шуд. Аммо онҳо аз ифшои нуктаҳои асосии тарҳи нав худдорӣ карданд.

Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, таҳлилгари сиёсии муқими Кобул, мегӯяд, ки дар Афғонистон гаравгонгирии гурӯҳӣ тақрибан бесобиқа аст ва аз ин рӯ ба назар мерасад ҳукумат дар ҳалли ин мушкил оҷиз мондааст. Ин одамрабоиҳо бештар ҷанбаи сиёсӣ ва идеологӣ доранд ва мақомот бояд қабл аз ҳама муқарар кунанд, ки ин ҳодисаҳо дар кадом минтақаҳо сурат мегиранд ва дар он ҷо аз лиҳози ақидативу қавмӣ алоқамадие ба "Толибон" вуҷуд дорад ё не, мегӯяд мусоҳиби мо. Таҳлилгар меафзояд, давлат тавассути ниҳодҳои амниятиву кашфи худ бояд ин ва дигар масъалаҳоро рушан ва гурӯҳҳоеро, ки ба ин кор машғуланд, маълум кунад. Дар он сурат мубориза бо одамрабоҳо осонтар хоҳад шуд, мутмаин аст Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд.

Дар ҳоле, ки дар парлумони Афғонистон вазъи амниятӣ баррасӣ мешуд, хабаргузориҳо аз идомаи ҷангҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шарқи кишвар иттилоъ доданд. Волии вилояти Нангарҳор Салим Хон Қундузӣ рӯзи 26 июн ба расонаҳо гуфт, ки дар ин набардҳо беш аз даҳ корманди хадамоти амният ва сокинони осоишта ҷон бохта, 18 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ин пеш мақомоти вилоят аз кушта шудани беш аз сад ситезаҷӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар набардҳои Нангарҳор дар се рӯзи ахир хабар дода буданд.

Дар ҷангҳои рӯзи якшанбе ситезаҷӯён 25 манзилро дар ноҳияи Ковт оташ зада, панҷ сокини осоиштаро гаравгон гирифтанд. Раиси полиси вилояти Нангарҳор Заровар Зоҳид гуфт, ки садҳо кормандони полис ва сарбозони артиш барои назорати шоҳроҳҳои минтақа сафарбар шудаанд.

XS
SM
MD
LG