Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Русия Леонид Слутский мақомашро тарк ва аз ин баъд рӯи кор дар дастаи ТССКА.тамаркӯз мекунад. Дар ин бора вазири варзиши Русия Виталий Мутко рӯзи 26 июн ба хабаргузории ТАСС иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, "Слутский барои дастаи мунтахаб ҳар коре аз дасташ меомад, анҷом дод". Умедворам, ки футболбозони мо зери раҳбарии ӯ таҷрибаи хубе андӯхтанд, афзуд вазири варзиши Русия.

Леонид Слутский моҳи августи соли гузашта ба ҷойи мураббии маъруфи итолиёвӣ Фабио Капелло сармураббии дастаи мунтахаби Русия таъин шуд. Дар бозиҳои муқаддамотии чемпионати Аврупо оид ба футбол зери раҳбарии ӯ дастаи Русия дар ҳамаи чаҳор бозӣ пирӯз шуд ва ҳаққи ширкат дар бахши ниҳоии Ҷоми УЕФА-2016-ро пайдо кард.

Аммо дар Бозиҳои қаҳрамонии Аврупо, ки дар Фаронса идома доранд, тими мунтахаби Русия аз се бозӣ ҳамагӣ як хол дарёфт кард ва аз идомаи сабқат маҳрум монд. Баъд аз шикаст дар бозии саввум аз тими Уэлс Леонид Слутский гуфт, ки дастаи мунтахаб ба сармураббии нав ниёз дорад.

Бозиҳо барои унвони қаҳрамони Аврупо оид ба футбол идома доранд. Рӯзи шанбе дастаҳои Лаҳистон, Уэлс ва Португалия ва рӯзи 26 июн дастаи Фаронса (баъди пирӯзӣ аз болои дастаи Ирландия бо ҳисоби 2 бар 1) ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Шоми якшанбе ғолибони бозиҳо миёни дастаҳои Олмон ва Словакия, Маҷористон ва Белгия ҳам муборизаро барои Ҷоми УЕФА идома хоҳанд дод. Ду дастаи дигари ширкаткунандаи бозиҳои чаҳорякниҳоӣ шоми 27 июн дар сабқати байни дастаҳои Италияву Испания ва Англияву Исландия маълум хоҳанд шуд.

Беҳтарин дастаи мунтахаби футболи Аврупо, рӯзи 10 июл Ҷоми УЕФА-ро болои сар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG