Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Испания рӯзи якшанбе, 26 июн, барои интихоби вакилони ҳарду палатаи парлумони кишвар пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ омаданд. Беш аз 36 миллион шаҳрвандони кишвар ҳаққи овоздиҳӣ доранд.

Бар пояи пурсиши афкори умум, ҳизби муҳофизакори мардумӣ, ки ба он кафили нахуствазири Испания Мариано Рахой раҳбарӣ мекунад, барои пирӯзӣ шонсҳои бештар дорад. Дар мақоми дуввум, бино ба назарсанҷиҳо, Эътилофи нерӯҳои чапгаро “Муттаҳид шуда мо қодирем!” аст, ки ба он ахиран ҳизби нави чапгарои “Подемос” ҳам шомил шуд. Нерӯҳои чапгаро ваъда доданд, ки дар сурати пирӯзӣ ислоҳоти густурдаро роҳандозӣ мекунанд.

Шаҳрвандони Испания бояд 350 вакили Конгресс, палатаи поёнии парлумон ва 208 сенаторро интихоб кунанд.

Дар Испания бори дуввум дар ним соли ахир интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар интихоботи рӯзи 20 декабри соли гузашта Ҳизби мардумӣ ғалаба кард ва аммо ба дарёфти аксарият дар парлумон муваффақ нашуд. Музокирот бо дигар нерӯҳои сиёсӣ барои таъсиси кобинаи вазирон ноком анҷом ёфт ва шоҳи Испания Филип IV даъват кард, ки 26 июн интихоботи такрорӣ баргузор шавад.

Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот рӯзи душанбе эълон хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG