Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар автобус дар Чин мунҷар ба марги 30 нафар шуд


Сӯхтори автобусҳо дар Чин зиёд рӯй медиҳад (акс аз бойгонӣ)
Сӯхтори автобусҳо дар Чин зиёд рӯй медиҳад (акс аз бойгонӣ)

Телевизионии давлатии Чин CCTV дар бораи ҳалокати дасти кам 30 нафар бар асари сӯхтор дар автобуси сайёҳон дар вилояти марказии Хунан хабар дод.

Ҳодиса субҳи рӯзи 26 июн ба вуқӯъ пайваст. Ҳангоми аз масир берун шудану ба монеъаи канори роҳ бархӯрдан ва оташ гирифтани автобус дар дохили он 56 нафар ҳузур доштанд.

Ба иттилои телевизиони давлатӣ 21 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Ронандаи автобус боздошт шудааст. Сабабҳои рӯй додани садама ҳанӯз маълум нест.

Хабаргузории Синхуа ҳам аз қавли мақомоти маҳаллӣ навиштааст, ки автобус бо суръати баланд ба монеъаи канори роҳ бархӯрда, оташ гирифтааст.

Дар Чин садамаҳои нақлиётӣ зиёд рӯй медиҳанд ва ҳамасола дар онҳо, бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд.

XS
SM
MD
LG