Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 82 нафар аз зарбаҳои ҳавоӣ дар Дайр-уз-Зор


Бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ва Сурия ба минтақаи Ал-Қурияи вилояти Дайр-уз-Зор, воқеъ дар шарқи Сурия, дасти кам 82 нафар, аз ҷумла, 58 сокини осоишта кушта шуданд.

Маркази назорат аз болои ҳуқуқи башари Сурия рӯзи якшанбе, 26 июн хабар дод, ки зарбаҳо ба ин минтақаи таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯзи шанбе зада шуданд ва ҳанӯз маълум нест, ки 24 нафари боқимонда низомиянд ё сокинони осоишта.

Ситезаҷӯён бахши аъзами вилояти Дайр-уз-Зорро, ки дар наздикиҳои марзи Сурияву Ироқ ҷойгир аст, моҳи марти соли гузашта ишғол карданд.

Амалиёти ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба хотири пуштибонӣ аз нерӯҳои собиқ ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад моҳи сентябри соли гузашта шурӯъ шуд.

Бар асари низоъ дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ беш аз 280 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG