Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба меҳмонсаро дар Могадишо 15 кушта бар ҷой гузошт


Мақомоти Сомалӣ рӯзи 26 июн аз кушта шудани 15 нафар бар асари ҳамлаи гурӯҳи “Ал-Шабоб” ба як меҳмонсаро дар пойтахт, шаҳри Могадишо, хабар доданд.Кормандони полис ва нерӯҳои амниятӣ шоми шанбе меҳмонсарои Naasa Hablood-ро озод ва гаравгонҳоро раҳо карданд.

Дар ҳамлаи ситезаҷӯён, ки рӯзи 25 июн сурат гирифт, муҳофизони меҳмонсаро ва сокинони осоишта кушта шуданд. Ибтидо дар канори меҳмонсаро мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор кард, сипас ситезаҷӯён вориди бино шуда ба ҳар тараф оташ кушоданд.

Ҳангоми амалиёти полис барои озод кардани меҳмонсаро баъзе аз мизоҷон тавонистанд, ки аз даромадгоҳи эҳтиётӣ аз бино берун раванд.

Мақомоти амниятӣ аз кушта шудани ҳамлагарон хабар доданд. Ба иттилои хабаргузории Assoociated Press, кормандони полис дасти кам ду тан аз ситезаҷӯёнро куштанд. .

Гурӯҳи “Ал-Шабоб” масъулияти ҳамларо ба зимма гирифт ва эълон дошт, ки дар он чаҳор нафар ширкат доштанд. Мусаллаҳони гурӯҳ, ки талоши сарнагунии ҳукумати ғарбгарои Сомалӣ ва ташкили давлати исломиро доранд, пайваста ба муассисаҳои Могадишо ҳамла мекунанд.

Меҳмонсарои Naasa Hablood бисёр вақт аз сӯи сиёсатмадорони маҳаллӣ ва аъзои диаспораҳои Сомалӣ дар хориҷа, ки ба Могадишо сафар мекунанд, истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG