Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Попи Рум Франсиск сафарашро ба Арманистон рӯзи 26 июн бо боздид аз марзи ин кишвар бо Туркия анҷом медиҳад. Марзи миёни Арманистону Туркия аз соли 1992, баъд аз шурӯи ҷанг барои Қарабоғи Кӯҳӣ, як вилояти арманинишини Озарбойҷон, баста аст.

Поп Франсиск ҳамчунин дар ниёш дар калисои арманӣ дар Эчмиадзин ҳам ширкат хоҳад кард. Қарор аст, ки ӯ дар ибодатгоҳи Хор Вирап дар наздикиҳои кӯҳи Арарат кабутари сулҳро ба фазо партоб кунад. Бар пояи ривоятҳо, Ной ҳангоми обхезии бузург киштии худро маҳз дар кӯҳи Арарат лангар зада буд.

Попи Рум 24 июн, рӯзи аввали вурудаш ба хоки Арманистон, изҳор намуд, ки куштори арманиҳо дар як қарн пеш як бахши наслкӯшии тарҳрезишуда ба хотири маҳви арманиҳо буд.

Муовини нахуствазири Туркия Нуриддин Кениклӣ ин гуфтаҳоро “падидае аз афкори масеҳӣ” номид.

Муаррихон ва чанд кишвари олам куштору бадарғаи якуним миллион арманӣ аз сӯи Туркия Усмониро “наслкӯшӣ” эътироф кардаанд. Аммо мақомоти Туркия мегӯянд, теъдоди арманиҳое, ки замони ҷанги якуми ҷаҳон кушта шудаанд, хело бузург нишон дода мешавад ва ҳукумати Усмонӣ қасди маҳви аққалиятҳои масеҳиро надошт.

XS
SM
MD
LG