Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазирони хориҷаи ИА хостори расмӣ кардани хурӯҷи Бритониё шуданд


Франк-Валтер Штайнмайер

Франк-Валтер Штайнмайер

Вазири умури хориҷии Фаронса Жан-Марк Эйро аз Бритониё даъват кард, ки ҳарчӣ зудтар хурӯҷаш аз Иттиҳодияи Аврупоро расмӣ кунад. Ӯ дар нишасти вазирони умури хориҷии шаш кишвари муассиси Иттиҳодияи Аврупо (ИА) дар пойтахти Олмон рӯзи 25 июн гуфт, 27 кишвари боқимонда бояд ҳарчӣ зудтар вазифаҳои нави худро мушаххас кунанд, дар акси ҳол ба кишварҳои узв хатари афзоиши даъватҳои оммафиребона таҳдид мекунад.

Раҳбари идораи сиёсати берунаи Олмон Франк-Валтер Штайнмайер аз мавқеи эҳтиёткорона кор гирифт ва гуфт, ки қабл аз ҳама, шаш кишвари муассиси Иттиҳодияи Аврупо бояд «Тарҳи озодӣ ва субот»-ро ҳифз кунанд ва барои ҳалли мушкилоти муҳоҷират, амният ва афзоиши бекорӣ дар Иттиҳодияи Аврупо камар банданд.

Нишасти Берлин – нахустин мулоқот аз силсиламулоқотҳои вазирони умури хориҷии шаш кишвари муассиси Иттиҳодияи Аврупо - Олмон, Фаронса, Италия, Белгия, Ҳолланд ва Люксембург дар тули як ҳафтаи оянда аст.

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бояд шартҳои хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ва тарҳи робитаҳои минбаъда бо Лондонро муқарар кунанд.

Ин раванд рӯзи 28 июн дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бо ширкати нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон идома хоҳад кард.

Кумиссиюни интихоботии Бритониё рӯзи ҷумъа эълон кард, ки бештари мардуми кишвар аз хориҷ шудани Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ карданд. Дар раъйпурсии рӯзи 23 июн 52 дарсади мардум хостаанд, Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шавад ва 48 дарсад барои боқӣ мондан дар ин иттиҳодия раъй додаанд. Дар маҷмӯъ теъдоди тарафдорони хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо назар ба мухолифонаш 1 миллиону 270 ҳазор нафар бештар будааст. Баъд аз эълони натиҷаҳои раъйпурсӣ Дэвид Кэмерон изҳор намуд, ки ба истеъфо меравад.

XS
SM
MD
LG