Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситезаҷӯёни "Давлати исломӣ" 900 курдро рабуданд


Ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” тайи се ҳафтаи ахир тақрибан 900 нафар, асосан курдҳои муқими шимоли Сурияро, рабуданд. Дар ин бора Маркази назорат аз болои ҳуқуқи башар дар Сурия рӯзи 25 июн хабар дод. Одамрабоӣ дар рустоҳои атрофи шаҳри Ал-Боби воқеъ дар шимолу шарқи шаҳри Ҳалаб сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ситезаҷӯён тақрибан 350 нафарро ба шаҳри Раққаҳ,такягоҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” интиқол доданд, як бахши дигарро ба зиндонҳои таҳти назораташон дар Сурия фиристоданд.

Бархе аз курдҳоро барои кандани истеҳкомҳо маҷбур намуданд. Ситезаҷӯён дасти кам 13 нафар аз сокинони осоиштаро эъдом карда, як нафарро ҳангоми фирор парронданд.

Нерӯҳои курд барои аз шаҳри Минбиҷ, минтақаи воқеъ дар назди марз бо Туркия, берун кардани ситезаҷӯён талош доранд. Иттиҳодияи нерӯҳои демократии Сурия, ниҳоди арабу курдҳо, ки аз сӯи ИМА пуштибонӣ мешавад, дар бораи рӯзи 23 июн ба Минбиҷ ворид шудани нерӯҳои курд хабар дод.

Минбиҷ, ки аз соли 2014 таҳти назорати “Давлати исломӣ” қарор дорад, дар роҳи байни марзи Туркия ва шаҳри Раққаҳ ҷойгир шудааст ва аз ин рӯ, минтақаи стратегӣ маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG