Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба Никита Белих иттиҳоми ришватситонӣ эълон шуд


Никита Белих ҳангоми ришвагирӣ боздошт шуд

Никита Белих ҳангоми ришвагирӣ боздошт шуд

Ба волии вилояти Кирови Русия Никита Белих иттиҳоми "ришватхорӣ дар ҳаҷми бузург" эълон шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин рӯзи 25 июн хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, муфаттишон ба зудӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунанд то ки мансабдори воломақом ба ҳабс гирифта шавад.

Хабаргузории РИА Новости ба думболи ин иттилоъ дод, ки Никита Белих ба додгоҳи ноҳияи Басманнаяи Маскав оварда шудааст ва додгоҳ дар бораи ҳабси ӯ тасмим мегирад. Ба вакили дифоъ ва ҳамсари боздоштшуда ба далели ҳанӯз нарасидани маводи зарурӣ иҷозаи вуруд ба толори додгоҳро надоданд.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки Никита Белих шахсан ва тавассути миёнаравҳо барои ҳалли мушкили ришватдиҳандаҳо ва мусоидат дар татбиқи тарҳҳои сармоягузориву фаъолияти соҳибкорӣ дар қаламрави вилояти Киров ба маблағи 400 ҳазор евро пора гирифтааст.

Никита Белих, ки замоне раҳбари ҳизби мухолифи “Союз правых сил” (“Иттиҳоди нерӯҳои ростгаро”) буд, рӯзи ҷумъа дар яке аз тарабхонаҳои Маскав ҳангоми гирифтани ришват дастгир шуд. Ҳамон рӯз дар бинои ҳукумати вилояти Киров кофтукоб сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG