Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брекзит. Бозие, ки Лондону Брюсселро саргум кард


Хурӯҷи Бритониё аз ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба иқтисоди дигар кишварҳои узви ин ниҳод, ба евро, пули ягонаи иттиҳодия, ба тиҷорат ва ба буҷҷаи Иттиҳодияи Аврупо бетаъсир нахоҳад монд, мутмаинанд таҳлилгарон.

Пас аз эълони натиҷаҳои раъйпурсӣ дар Бритониё, маъруф ба Брекзит (Brexit), 27 кишвари дигари иттиҳодия ба зудӣ дарёфтанд, ки яке аз бузургтарин иқтисодҳои минтақаро аз даст медиҳанд. Онҳо аз эҳтимоли пойин рафтани қурби евро ва сарнавишти шаҳрвандонашон, ки то ҳол дар Бритониё бидуни мушкил кору зиндагӣ мекарданд, сахт нигаронанд.

Дар раъйпурсие, ки рӯзи 23 июн баргузор шуд, 52 дарсади шаҳрвандони Бритониё хостаанд, ки кишварашон аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шавад, 48 дарсад барои боқӣ мондан дар иттиҳодия раъй додаанд. Ба иттилои расмӣ, теъдоди ҷонибдорони хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо назар ба мухолифонаш 1 миллиону 270 ҳазор нафар бештар будааст.

САРНАВИШТИ ЕВРО ЧӢ ХОҲАД ШУД?

Баъд аз эълони натиҷаҳои Брекзит рӯзи 24 июн қурби фунт-стерлинг, пули миллии Бритониё, ва евро дар баробари доллари амрикоӣ коҳиш ёфт. Сармоягузорон аз он изҳори нороҳатӣ мекунанд, ки бо ихроҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо қурби евро пойин меравад, ҳарчанд Бритониё ҳеҷ гоҳ узви минтааи евро набуд.

Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, аввалин вокуниши бозори саҳҳом ба натиҷаҳои раъйдиҳӣ инро собит мекунад. Аммо дар мавриди он ки сарнавишти евро пас аз берунрафти Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо чӣ хоҳад шуд, назарҳо зидуннақизанд.

Кеӣ Науфелд, иқтисоддон аз Маркази иқтисодиёт ва пажӯҳиши конюктура дар Лондон мутмаин аст, ки евро заъифтар хоҳад шуд, аммо то кам андоза алҳол чизе гуфтан душвор аст. Ба гуфтаи ӯ, изҳори нобоварии бритониёвиҳо ба Иттиҳодияи Аврупо баъзе аз дигар кишварҳои узвро барои ташкили ҳамин гуна раъйпурсӣ, яъне боқӣ мондан ё тарк кардани Иттиҳодияи Аврупо, таҳрик хоҳад дод. Дар ин ҳолат баъзе аз сармоягузорон маҷбур хоҳанд шуд, ки маблағҳои худро аз ҳисобҳои еврогӣ ба ҳисобҳояшон бо доллар ё франки швейсарӣ интиқол диҳанд ва ин коҳиши қурби пули ягонаи Иттиҳодияи Аврупоро ба думбол хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол баъзе аз иқтисоддонҳо ҳадс мезананд, ки берунрафти Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо боиси қавитар шудани қурби евро хоҳад шуд. “Шояд Иттиҳодияи Аврупо самти ҳамоиши зичтар ва иттиҳодияи молияви бузургтар равад ва кишварҳои сарватманди шимол ба кишварҳои фақиртари ҷануб кӯмаки бештар кунанд, дар ин сурат евро, ҳадди аққал дар чанд соли оянда, қавӣ боқӣ хоҳад монд, мегӯяд Ричард Веллингс, корманди Пажуҳишгоҳи масоили иқтисодии Лондон.

БУҶАИ ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО КАСОД МЕШАВАД?

Қабл аз раъйпурсӣ миёни ҷонибдорон ва мухолифини хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо баҳсҳои доғе дар мавзӯи саҳми Лондон дар буҷҷаи Брюссел сурат гирифтанд. Ҷонибдорони Брекзит мегуфтанд, ки кишвар ҳар ҳафта ба буҷҷаи Иттиҳодияи Аврупо 350 миллионов фунт ($518 миллион доллар) мепардозад ва аз Брюссел маблағи хело камтар дарёфт мекунад.

Аммо бештари коршиносони Иттиҳодияи Аврупо инро “гумроҳсозӣ” унвон карда, мегӯянд, ки ин маблағ аз соли 1984 бар асари имтиёзи молиявӣ ба Бритониё кам шудааст ва он тавассути грантҳо ба муассисаҳои бритониёвӣ, ба вижа, муассисаҳои илмӣ,баргардонида мешавад.

Масъулини хадамоти омори Бритониё моҳи апрел хабар доданд, ки аз соли 2010 то соли 2014 кишвар бо назардошти имтиёзу грантҳо ба буҷаи Иттиҳодияи Аврупо соле ба ҳисоби миёна 7.1 миллиард фунтов ($10.5 миллиард доллар) ворид кардааст. Ва ин тақрибан 6 дар сади буҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар он солҳоро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол иқтисоддонҳо мегӯянд, акнун Иттиҳодияи Аврупо маҷбур аст, ки ҷои ин маблағро аз ҳисоби пардохти бештар аз сӯи дигар кишварҳои узв пур кунад ё аз он сарфи назар намояд.

"Акнун мо дар вазъе қарор дорем, ки як сармоягузор кам шудааст ва шумо бояд роҳи ҷуброни онро пайдо намоед. Яке аз роҳҳо – розӣ шудани дигар кишварҳои узв барои пардохти маблағи бештар аст", мегӯяд Фабиан Зулиг аз Маркази сиёсати аврупоии шаҳри Брюссел. Дар акси ҳол, шумо маҷбур хоҳед шуд сармоягузории баъзе аз тарҳу барномаҳоро кам кунед, меафзояд ӯ.

Аз нигоҳи Фабиан Зулиг, агар кишварҳое сарватманде чун Олмон барои рафъи ин вазъ мусоидат накунанд, аз он кишварҳое чун Лаҳистон ва давлатҳои тоза ба ин ниҳод пайваста осеб хоҳанд дид - коҳиши сармоягузорӣ аз сӯи Брюссел боиси мутаваққиф шудани рушди ин кишварҳо мегардад.

"ТИҶОРАТ БО БРИТОНИЁ МУШКИЛ ХОҲАД ШУД"

Хурӯҷи Бритониё ба робитаҳои тиҷоратии кишвар бо аксар давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҳам таъсир хоҳад гузошт. Гуфта мешавад, ки аз ин вазъ бештар Олмон, Ҳолланд, Ирландия ва Қибрис осеб мебинанд, зеро онҳо, бо назардошти интиқоли озодонаи молу сармоя ва равуои одамон, бо Бритониё тиҷорати густурда ва робитаҳои зичи молиявӣ доштанд.

Ҳоло суоле матраҳ аст, ки бо хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо тиҷорат миёни ин кишвар ва дигар давлатҳои узви иттиҳодия чӣ гуна сурат мегирад? Бархе Норвегияро намуна меоваранд, ки узви Иттиҳодияи Аврупо нест ва аммо бо ин ниҳод тиҷорати озодро ба роҳ мондааст. Аз нигоҳи Грегори Клаус, коршиноси Иттиҳодияи Авупо дар пажуҳишгоҳи Брюгели Брюссел, ҳамин гуна созиш метавонад миёни Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам имзо шавад. Ин маънои онро хоҳад дошт, ки Бритониё ба Иттиҳодияи Аврупо маблағи камтар пардохт мекунад ва аммо дар ташкили сиёсати бозори ягона соҳиби раъй хоҳад монд.

ХУШ ОМАДЕД? Ё ВУРУДИ БЕГОНАҲО МАМНӮЪ АСТ!

Айни ҳол тақрибан 1 миллиону 730 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Бритониё ба сар мебаранд ва, бино ба омори расмӣ, тақрибан 80 дар сади онҳо соҳиби ҷойи коранд. Пас аз хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо онҳо ва афродеро, ки барои кор ба Бритониё рафтаниянд, чӣ сарнавиште интизор хоҳад буд?

Яке аз далелҳои ҷонибдорони Брекзит - таҳияи сиёсати нав ва шадиди муҳоҷират дар Бритониё буд ва онҳо талаб доранд, ҳамаи онҳое, ки ба Бритониё меоянд, бояд сатҳи донишу маҳорати хело воло дошта бошанд.

Гуфта мешавад, аз мушкилтар шудани дастрасӣ ба бозори кори Бритониё кишварҳое чун Лаҳистон осеб хоҳанд дид, ки теъдоди зиёди шаҳрвандоншон он ҷо кор мекунанд ва маблағҳои бузургеро ба ватанашон интиқол медиҳанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, пас аз хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо шаҳрвандони иттиҳодия маҷбуранд, ки ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳои Бритониёро пурра пардохт кунанд. Аз ин баъд дарёфти қарз аз муассисаҳои молиявии Бритониё барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар низ барои онҳо номумкин хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG