Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 24 июн бар асари таркиши бомб дар шаҳри ошӯбзадаи Квейта дар ҷанубуғарби Покистон дастикам 3 нафар кушта ва 32 тан захмӣ шуданд. Сухангӯи пулис Шаҳзода Фарҳат гуфт, бомб дар мотосикле ҷобаҷо шуда буд, ки дар истгоҳи мошинҳои як фурӯшгоҳ дар роҳи фурудгоҳи шаҳр таркид. Афсари пулис Чаудрӣ Манзур гуфт, ин таркиш ягон ҳадафи мушаххас надошт, балки қасди омилонаш зоҳиран паҳн кардани “воҳимаву террор буд.” Касе масъулияти таркиши ахирро ба дӯш нагирифтааст. Вале Квейта, ки ба гузаргоҳи Спин Болдаки вилояти Қандаҳор наздик мебошад, муддати тӯлоние аз пойгоҳҳои ҷунбиши Толибони Афғонистон ба шумор меояд.

XS
SM
MD
LG