Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Сандерс аз номзадии Ҳиллари Клинтон


Сандерс ва Клинтон ҳангоми баҳсҳо. Моҳи апрели соли 2016
Сандерс ва Клинтон ҳангоми баҳсҳо. Моҳи апрели соли 2016

Берни Сандерс, довталаби номзадӣ ба президентии Амрико аз ҳизби демократ эълон кард, ки ӯ ба тарафдорӣ аз Ҳиллари Клинтон овоз медиҳад. Клинтон дар ибтидои моҳи июн ҳаққи номзадӣ аз ҳизби демократро ба даст овард. Сандерс рӯзи 24 июн дар мусоҳибааш гуфт, ӯ барои шикаст додани номзади эҳтимолии ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп тамоми кореро, ки аз дасташ меояд, анҷом хоҳад дод. Чунки, ба ақидаи Сандерс, “агар Трамп президент интихоб шавад, аз чанд ҷиҳат фалокатбор хоҳад буд.” Номзади ҳизби демократ дар анҷумани ҳизб дар моҳи июл ва номзади ҷумҳурихоҳон дар анҷумани моҳи августашон ниҳоӣ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG