Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Падари як ҷавони тоҷик, ки бо гумони узвият дар ДИИШ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия дар Олмон боздошт шудааст, мегӯяд, намедонист, дар сари писараш чӣ мегузарад.

Мақомоти Тоҷикистон ва Олмон мегӯянд, Маҳмадсаид Саидов, як ҷавони 29-солаи сокини шаҳраки Шарораи Ҳисор соли гузашта чанд муддат дар сафи гурӯҳи ДИИШ дар Сурия қарор дошт, вале баъдан ҳамроҳ бо фирориёни аз Ироқу Сурия вориди хоки ин кишвари аврупоӣ шудааст.

Аммо Ҳаким Саидов, падари ин ҷавони тоҷик 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш ҳеҷ гоҳ дар Сурия набуд ва ҳамеша бо онҳо аз Олмон дар тамос мешуд. Ба гуфтаи ин мард, писараш ҳанӯз соли 2014 барои 9 моҳ ба Олмон рафт ва аз он ҷо пас гашта, зану писарашро ҳамроҳаш бурд ва ҳоло якуним сол боз дар ин кишвар қарор дорад.

Ӯ гуфт: “Писарам ҳамеша бо мо дар тамос ҳаст. Рӯзи 16-уми июн ҳам мо сӯҳбат кардем. Соли гузашта, аз амният омада гуфтанд, ки писаратон дар Сурия ҳаст. Вақте занг зад, аз ӯ пурсидем, гуфт, ки не, ин гап дурӯғ аст ва ман дар Германия ҳастам. Доим мегуфт, ки дар Германия ҳаст, вале намегуфт, ки дар кадом шаҳраш. Гуфт, ба Тоҷикистон намеояд, зиндагиаш ин ҷо хуб аст ва барояш як хонаи дуҳуҷрагӣ додаанд. Мо ҳам гуфтем, ки зиндагиат хуб бошад, ҳамон ҷо бимон. ”

Падари ин ҷавони боздоштшуда мегӯяд, писараш қабл аз сафар ба Олмон дар Тоҷикистон як сол забони олмонӣ омӯхта буд. Маҳмадсаид Саидов то замони хориҷ шудан аз Тоҷикистон ронандагӣ мекард ва​қаблан ҳам дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд. Падараш мегӯяд, соли 2012 бо маблағе, ки ҷамъ карда буд, ҳамроҳ бо модараш ба Арабистони Саудӣ барои анҷоми маросими ҳаҷҷи фарзӣ рафта буд. Ҳарчанд, падараш мазҳабӣ будани писарашро эътироф мекунад, аммо мегӯяд, ӯ дар зеҳнаш назарҳои ифротгароёна надошт.

Маҳмадсаид бо духтархолааш издивоҷ карда, соҳиби як писар аст. Наздиконаш мегӯянд, моҳҳои наздик ҳамсари ӯ бояд фарзанди дуввумро таваллуд кунад. Аҳрор, тағои Маҳмадсаид мегӯяд, хоҳарзодааш ҳангоми хариду фурӯши мошин чор ҳазор долари амрикоӣ зиён дида буд, аз ин рӯ, дилаш аз Тоҷикистон сард шуда, ба хориҷ аз кишвар рафт.

Дар ҳоле, ки наздикони ин ҷавон ӯро узви ДИИШ намедонанд, мақомот мегӯянд, тамоми далелҳо дар мавриди ҳузури ӯ дар Сурия ва узвияташ дар ин созмони тундравро дар даст доранд. Як ҳамсӯҳбати мо аз Додситонии кулл гуфт, як соли пеш замоне алайҳӣ Маҳмадсаид Саидов парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки ҳузураш дар Сурия тасдиқ шуда буд. Мақомот мегӯянд, ки наворҳои сӯҳбати ӯро дар Сурия ва даъватҳои ифротгароёнаашро дарёфт кардаанд.

"Барои боз кардани парванда ва супурдани он ба "Интерпол" далелҳои зиёд лозим аст. Нисбат ба ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамаи далелҳо муҳайё аст. Пеш аз боздошташ дар Олмон маълумотҳо ҳам буд, ки ӯ аз Сурия пас аз ақибнишиниҳои ДИИШ берун шудааст" - гуфт ин манбаъ ба Радиои Озодӣ.

Алайҳӣ Маҳмадсаид Саидов як сол боз бо моддаи 401-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкаташ дар ҷангҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ рӯзи 21-уми июни имсол дар шаҳри Карлсруе боздошт шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG