Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зан барои ошиқаш кӯдаки 10-моҳаашро кушт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон сокини ноҳияи Нуробод Розиқов Нуралиро бо иттиҳоми қасди куштани кӯдаки хурдсол ба 17 сол ва машъуқаи ӯ Марҷонаи Файзуллоро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда мегӯяд, Марҷонаи Файзулло бо вуҷуди шавҳару фарзанд доштанаш бо Нуралӣ Розиқов робитаи маҳрамона дошт ва шаби 21 декабри соли 2015 баъди аз хона баромадани шавҳараш ӯро ба истилоҳ “қабул” кардааст. Розиқов дар ин мулоқот ба машъуқааш мегӯяд, “шавҳарат туро нигоҳубин намекунад”, вале ӯ ба шарте ба заниаш мегирад, ки агар аз духтари он вақт 10-моҳааш Мавзуна "халос" шавад. Сипас ҳарду кӯдакро ба мавзеи ахлотпартоии маҳаллаи Исмоили Сомонӣ бурда, бо вуҷуди он ки барф меборид ва ҳаво сард буд, аз ҷарии баландиаш 17 метр партофтаанд. Ҳамсояҳо ва маъмурони милиса баъди чанд соат Мавзунаи нимҷонро аз рӯи буттаҳои хордори мармиҷон пайдо карда, аз марг наҷот додаанд.

XS
SM
MD
LG